ОБ ДАР ШИР Ё ШИР ДАР ОБ?

26 феврал 2026, Панҷшанбе
56


Қаблан шикоят менамуданд, ки бархе савдогарони кӯча ба хотири фоидаи бештар беинсофона дар шир об илова карда, мефурӯшанд. Аммо як бегоҳи моҳи Рамазон худам ҳам бо фиреб рӯ ба рӯ шудам. Аҷиб, ин бор об дар шир не, балки ширро дар об дидам.
Баъди шом хостам аз мағоза барои саҳархӯрӣ шир бихарам. Мисли ман боз чанд нафари дигар дар он ҷо интизор буданд. Савдогар ҳам чолокона гуфт: “Шир кам мондаст. Дар ним соат ҳамаашро фурӯхтем, шитоб кунед...”. Ӯ як зарфи плостикии 5-литраро давон-давон аз яхдон бароварда, болои миз гузошт, ки қисман ях баста буд. Яке аз харидорон мегуфт, ки пештар аз ин ҷо шир харида будам, об дошт, дигар онро истеъмол накардем. Савдогар бо табассуми сохта, гуфтаҳои ӯро рад карда гуфт: “Ин хел гап нест, ба Худо. Ширро нав, ҳамин нисфирӯзӣ оварданд, яқинан тоза аст”.


Мо ҳам зарфро пур аз моеи сафед дида, ба умед як литр харидем. Аммо вақте дар хона “шир”-ро мепухтанд, аз он на бӯйе ба димоғ мерасиду на мазае ба даҳон. Мисли об. Фақат ранги сафедаш онро ба шир монанд мекард. Ин бор на об дар шир, балки каме шир дар об буд. Дар шире, ки маза ва бӯ нест, пас, ҳиссаи об бештар асту он оби широлударо мемонад. Аммо барои бархе ширфурӯшон ин ва зарари мардум муҳим нест. Онҳо танҳо манфиати худро фикр мекунанд ва ҳар қадар имкон бошад, ба шир об илова менамоянд.
Мусаллам аст, ки шир яке аз ғизоҳои муҳимтарин барои инсонҳо мебошаду он дар радифи обу нон ва гӯшт аз хӯрокҳои доимист. Аз ин рӯ, бозори он ҳам доимо гарм аст. Мувофиқи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмоли маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолӣ, дар ҷумҳурӣ рӯзона ба зиёда аз 3 ҳазор тонна ширу маҳсулоти он зарурат вуҷуд дорад. Агар сокинон нисфи ин тавсияномаро ҳам ба ҷой оранд, ниёзмандии он ба ин маҳсулот ҳаррӯза садҳо тоннаро ташкил медиҳад.
Аз талаботи зиёди аҳолӣ ба шир суиистифода бурда, дар ин кор баъзе тоҷирон ба суди худ аз фиреб кор мегиранд, ки мо мисоли гуфти ҳамон савдогарон “тару тозааш”-ро овардем.
Ҳоло бо пешрафти технология ва кори масъулони соҳаи стандартизатсия дар бозору фурӯшгоҳҳо қариб таркиби ҳама маҳсулот дар ҷояш санҷида мешаваду қаллобон сари вақт ҷазо мегиранд. Чаро ҳамин чораандешӣ бо истифода аз технологияи нав нисбат ба ширфурӯшон сурат нагирад? Махсусан, вақте чунин маҳсулот бе риояи қоидаҳои санитарӣ озод дар кӯчаҳо фурӯхта мешавад. Чаро рейди ширфурӯшони фиребгар набошад? Ҳол он ки имрӯзҳо на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар бозорҳои деҳот ҳам ширфурӯшӣ дар авҷ аст.
Оё вақте он нарасидааст, ки ин бозори муҳими иҷтимоӣ дар кӯчаву хиёбонҳо низ танзим шавад, то муштариён маблағи бо арақи ҷабин пайдокардаашонро барабас аз даст надиҳанд?


Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.02.2026 №: 39