САЙФИДДИН СУННАТӢ. ХАБАРНИГОРИ “ҶУМҲУРИЯТ” ҚАДРДОНӢ ШУД

26 феврал 2026, Панҷшанбе
10



Чанде пеш ҷаласаи ҳисоботии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) баргузор шуд.
Дар оғоз раиси Ҷамъият Сайдулло Хайрул-лоев аз тадбирҳои муассири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода», ки дар Паёми навбатии Президенти маҳбуби кишвар таъкид гардид, ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки соли сипаригардида раёсати Ҷамъияти дӯстӣ, 25 ҷамъияти дӯстии тобеи он, намояндагиҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати тарғиби сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолият дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дипломатияи мардумӣ, ки яке аз абзорҳои муассири сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб меёбад, корҳои назаррасеро ба сомон расонданд.
Дар охир барои фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ, саҳми арзанда дар таҳким ва рушду густариши алоқаҳои дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ, инчунин, пешбурди дипломатияи мардумӣ, мушовири калони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дмитрий Петров, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, профессор Жило Гулназарзода, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Сайфиддин Суннатӣ, саромӯзгори кафедраи забони олмонии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, узви Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Германия» Зулфиқори Раҷабалӣ, раиси Ҷамъияти қазоқҳои Тоҷикистон «Байтерек» Зауре Саминова, референти ҶДРФТ дар вилояти Хатлон Раҷабалӣ Худоёрзода бо “Ифтихорнома”-и раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ сарфароз гардонда шуданд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.02.2026 №: 39