ШОМИ ШАНБЕ
АФЗАЛИЯТИ ИНСОНГАРОӢ АЗ ҲАШТ РЕКОРДИ ҶАҲОНӢ
Шаварш Карапетян номест, ки дар таърихи на танҳо варзиш, балки башарият низ абадан сабт шудааст. Ӯ чемпиони чандкаратаи шиноварии ИҶШС ва Аврупо буда, ҳашт рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст. Аммо, аз медалу рекордҳо дида, як амали некаш барои наҷоти ҷони одамон ба ӯ шуҳрати бештар овардаст. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли 1976 Шаварш ва бародараш Камо барои дави субҳонаи маъмулӣ дар берун буданд. Масири онҳо аз обанбори Ереван мегузашт. Ногаҳон, троллейбусеро диданд, ки дар об ғарқ мешуд. Қариб сад нафар дар дохили он дармонда буданд ва имкони наҷот надоштанд.
Ҳатто як сония фикр накарда, Карапетян худро ба оби хунук андохта, тирезаи қафои троллейбусро мешиканад ва одамонро як-як аз об берун меовард. Ҳар як дафъаи зери об шудан кӯшиш ва нафаскашии зиёдро талаб мекард. Ҳатто дар ҳолате, ки шишапорае пойҳои варзишгарро буридаву хуншор карда буд, ӯ наҷоти одамонро идома дод. Дар маҷмуъ, Шаварш 46 нафарро берун оварад. Амалиёт тақрибан 20 дақиқа давом кард ва баъд аз он ӯ бо сабаби нарасидани оксиген аз ҳуш рафт...
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ИРОДАИ ҚАВӢ
Чха Са Сун, сокини шаҳри Ҷонҷуи Корея, соли 2010 дар 960-ум кӯшишаш тавонист соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ шавад. Ин зани қавиирода он замон 69 сол дошт.
Чха Са Сун дар 950-ум кӯшишаш қисми назариявии имтиҳонҳоро супурд ва барои гузаштан аз имтиҳони амалӣ даҳ кӯшиши дигар анҷом дод, ки охиринаш натиҷабахш гардид.
Ҳамин руҳияи шикастнопазир ва иродаи қавӣ ӯро қаҳрамони миллӣ ва шомили "Китоби рекордҳои Гиннесс" гардонда, соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ гашт. Ширкати «Hyundai» баъд аз анҷом ёфтани “достон”-и имтиҳонсупурии Чха Са Сун ба ӯ автомобил туҳфа намуд.
Таҳияи Кароматулло АТО
ҚАСРИ ШИРИН. ТОРТЕ, КИ КАМНАЗИР АСТ
Ширинипазҳои тоҷик аз қаннодии “Jilo Exclusive” бори нахуст бо дархости муштарӣ торти арусиро омода намуданд, ки арзиши он 30 ҳазор доллари ИМА муқаррар гардид. Ин торт бо баландии 6,5 метр ва паҳноии 4,5 метр дар шакли қасри бошукӯҳ омодашуда, ба гуфтаи мутахассисон, дар Осиёи Марказӣ бесобиқа мебошад.
Торт дар муддати қариб ду моҳ омода гаштааст. Ҳар як гул дастӣ сохта шуда, пурра хӯрданбоб аст. Дар намои он санъат ва меъмории ҳақиқӣ ба таври равшан таҷассум ёфтааст. Дар қисми марказии қаср равшании бадеӣ насб шудааст, ки таҳияи он се рӯзро дар бар гирифтааст.
Ин шоҳасарро дастаи духтарони ҷавон ва боистеъдод, ки дар ду баст шабонарӯзӣ фаъолият мекарданд, омода намуданд. Дар рӯзи охир, барои пухтани гулҳо ҳамагӣ чанд дақиқа вақт боқӣ монда буд. Бо вуҷуди ин, дар ниҳоят торте офарида шуд, ки бо зебоии хос ва тарҳи нодираш ҳамагонро ба ҳайрат овард.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ДОНИШГОҲҲОИ ҚАДИМТАР
АЗ ИМПЕРИЯҲО
Дар бораи тамаддуни Атстекҳо аксарият шунидаанд. Ва шояд огоҳ ҳам ҳастанд, ки ин бузургтарин империяе дар таърихи башарият маҳсуб меёбад, ки индусҳо дар замонаш таъсису ташаккул додаанд. Ё шояд шунидаанд, ки яке аз зарфиятҳои ин тамаддун қурбонӣ кардани одам буд, аниқтараш назди издиҳом сар буридани ҷангиёни ба гарав гирифташуда. Маҳз ҳамин кирдори ғайриинсонӣ, ки анъанаро мемонд, барои душманон даҳшат меофарид. Ҳатто нуфузи ҳар шоҳи нав сари қудрат омада ба миқдори куштаҳояш аз ҳисоби гаравгонҳо вобастагӣ дошт…
Вале кам касоне медонанд, ки ин империяи номӣ чандон қадимӣ нест. То ҳадде, ки ҳатто он аз Донишгоҳи Оксфорд ҷавонтар аст. Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки империяи Атстекҳо ҳамагӣ дар асри XV, аниқтараш соли 1429 таъсис ёфтааст. Замоне, ки атстекҳо шарики собиқи худ – давлати Тлакопанро сарнагун карда, салтанатро пурра ба дасти худ гирифтанд. Яъне мавҷудияти ин империяи таърихсоз на ҳазорсолаҳо қабл тавре аксаран ривоят мешавад, балки ҳамагӣ чандсад сол пештар сабти ном шудааст. Барои муқоиса, Донишгоҳи Оксфорд дар соли 1096 ва Донишгоҳи Булунёи Итолиё бошад, соли 1088 таъсис ёфтаву оғози фаъолият намудаанд, ки ҳар ду хеле қадимтаранд.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
РЕКОРДСМЕНЕ, КИ 500 КИЛОМЕТРРО
ДАР 8,5 ҲАЗОР МЕТР БАЛАНДӢ ТАЙ КАРД
Суфия Суфи, варзишгари ултрамарафони ҳиндӣ, бо анҷом додани корномаи беназир номи худро ба "Китоби рекордҳои Гиннесс" ворид кард. Вай тавонист дар тули 98 соату 27 дақиқа масофаи тақрибан 500 километрро дар шароити сахти табиӣ тай намояд.
Рекорди таърихии ӯ дар баландкӯҳтарин ва сардтарин минтақаи Ҳимолой сабт шуд. Суфия дар ин муддат аз панҷ ағбаи кӯҳӣ гузашт ва беш аз 8,5 ҳазор метр баландиро фатҳ кард. Вай дар шароите давид, ки оксиген барои нафаскашӣ кофӣ набуд ва ҳаво ҳар лаҳза тағйир меёфт.
Аз русӣ тарҷимаи Хуршед ТОЛИБОВ
ШИНОХТИ НЕЪМАТ
Инсон баъзан он қадар ба неъматҳо одат мекунад, ки ҳузури онҳо дар назараш эҳсос намешавад.
Саломатӣ, вақт, оила, амният. Ҳамаи ин неъматҳо то аз даст нараванд, қадрашонро хуб намедонем.
Шукргузорӣ танҳо ба гуфтан нест, балки шинохти неъмат ва истифодаи дурусти он аст. Нафаре, ки қадри саломатии худро медонад, онро эҳтиёту нигоҳубин мекунад. Оне, ки қадри вақти худро медонад, онро пайи омӯзиш ва корҳои нек сарф мекунад. Шахсе, ки қадри оиларо медонад, онро бо эҳтиром ва муҳаббат ҳифз менамояд. Ба амнияти ҷомеа низ бояд эҳтиром гузошту онро ҳифз кард.
Таҳияи Фирӯзи Алишер
ЧИН БУЗУРГТАРИН НЕРУГОҲИ
ГИБРИДИИ ОБАНБОРИРО МЕСОЗАД
Дар вилояти Сичуни Чин сохтмони бузургтарин Неругоҳи гибридии обанборӣ - «Лянхэкоу» дар ҷаҳон идома дорад.
Ин Неругоҳ имкон медиҳад, ки неруи барқи изофӣ, аз ҷумла офтобӣ ва бодӣ, захира гардад: дар вақти талафоти кам об ба обанбори болоӣ интиқол ёфта, ҳангоми афзоиши истеъмол тавассути турбинаҳо ба поён баргашта, барқ истеҳсол мекунад.
Пас аз анҷоми сохтмон, ин Неругоҳ бо тақвияти таъминоти энергияи пок ва имкони танзими низоми барқ нақши муҳим хоҳад дошт.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ПАНД
Бидонед: Касе ки намедонад, набояд аз омӯхтан шарм кунад, ки арзиши ҳар кас ба қадри дониши ӯст...
* * *
Худо се чизро ба се чиз қарор дода: Баракати илмро дар эҳтиром ба устод, лаззати зиндагиро дар некӣ ба падару модар, ваъдаи биҳиштро дар озор надодани мардум.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
АМИР ХОН ВА ЯК ҲИЛАИ ХАЙРХОҲОНАИ Ӯ
Амир Хон, ҳунарманди машҳури синамои ҳинд, қарор дод, ки ба мардуми ниёзманд хайр кунад. Вале ҳаҷми ёрӣ, ки ба ҳар нафар як килограммӣ ордро ташкил медод, бисёр талабгоронро аз роҳ гардонд. Яъне, аксар лозим надонистанд, ки барои ҳамагӣ як килограмм орд дасти ниёзмандӣ дароз кунанд. Танҳо мардуми табақаҳои нодору дар ҳақиқат муҳтоҷ ба назди ӯ омаданд.
Баъдтар маълум шуд, ки дар даруни пакетҳои орд 15 000 рупия (баробар ба 200 доллари ИМА) гузошта шудааст. Ҳунарманд, чунин корро барои он кардааст, хайроташ ба дасти мардуми воқеан, ниёзманд бирасад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
АЛЕКС ФЕРГЮСОН
Сер Александр Чемпен Фергюсони шотландӣ, маъруф бо номи Алекс Фергюсон, серҷоизатарин мураббӣ дар таърихи футболи Англия ва яке аз беҳтарин мураббиёни ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Алекс Фергюсон аз соли 1986 то соли 2013 сармураббии бошгоҳи англисии «Манчестер Юнайтед» буд ва бо ин бошгоҳ 13 маротиба дар Примйер-лигаи Англия ва ду бор дар мусобиқаи Лигаи чемпионҳо ғолиб омадааст.
Ӯ, тибқи фарзияи рӯзномаи «The Times», дар феҳристи беҳтарин мураббиёни давраи баъдиҷангӣ ҷойи чорумро ишғол мекунад ва дар рӯйхати беҳтарин мураббиёни ҳамаи давру замон мувофиқи фарзияи маҷаллаи «World Soccer» ва канали ESPN FC дар ҷойи аввал аст. Алекс Фергюсон яке аз даҳ мураббии беҳтаринест, ки аз замони таъсиси УЕФА дар соли 1954 ба рушди футболи Аврупо таъсири бештар расондааст.
Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
НАФСИ БАД ВА ҲИКМАТИ ШОҲ
Аз қазо шоҳзодаи Рим дар ҳалқаи надимонаш аз дукони тиллофурӯше гузар мекунад. Баъди тамошо чун Алфонс аввалтар аз дигарон дуконро тарк карданӣ мешавад, ногоҳ садои фурӯшандаро мешунавад, ки даъво дорад:
- Шоҳам, аз қатори қиматтарин алмосҳоям якеро дуздидаанд.
Шоҳ мефармояд, ки зарфе пур аз тахтамайда ҳозир кунанд ва рӯ ба надимонаш карда мегӯяд:
- Ҳар кадом бо навбат дастҳоятонро мушт карда ба зарф андозед ва кушода аз он баркашед.
Дар натиҷа чун зарфро аз тахтапораҳо холӣ мекунанд, алмоси гумшуда ёфт мегардад. Бо ҳамин роҳ ҳам соҳиби дукон зарар намебинад ва ҳам аз хиради шоҳ яке аз надимон шарафи худро ҳифз мекунад.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ВИКТОР ГЮГО
Сартароше, ки ҳар пагоҳӣ ришу мӯйлаби Гюгоро қайчӣ мезад, аз дар даромадан замон лаб ба шиква кушод:
- Қиёмат наздик аст устод. Навакак шунидам, ки 2-юми январ ҳайвонҳо ва 4-ум инсонҳо бо навбат мемиранд.
- Худоё, 3-юми январ ришу мӯйлаби маро кӣ там-йиз мекунад, оҳи сард кашида мегӯяд нависанда.
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА
ИНДОНЕЗИЯ
Соли нав ва хомӯшии якрӯза дар ҷазираи Бали
Дар Индонезия, махсусан ҷазираи Бали, соли навро ба таври аҷиб мегузаронанд. Рӯзи аввали онро “Рӯзи хомӯшӣ” меноманд. Ҷашнҳои анъанавии соли нав дар аввали баҳор баргузор мешаванд. Дар арафаи он сокинони маҳаллӣ дар намоишҳои либоспӯшӣ иштирок мекунанд, ки баъзеҳо ҳамчун аждаҳо ва ҳаюлоҳо либоси махсус доранд. Рӯзи дигар ҳама 24 – соат хомӯш мемонанд. Аз соати шаши пагоҳӣ то нисфи шаб ба ҳамдигар гап намезананд, кор намекунанд, қувваи барқ истифода намебаранд ва, албатта, садое ҳам намебароранд. Дар ин давра ҳавопаймоҳо парвоз намекунанд, киштиҳо ва моторҳо баста мешавад. Танҳо ба ҳаракати мошинҳои ёрии таъҷилӣ иҷозат дода мешаванд. Пас аз як рӯз ба аёдати ҳамдигар мераванд ва кинаҳоро аз дил мебароранд.
Имсол соли нави Бали 19 – уми март ҷашн гирифта мешавад.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА
ҚАВИТАРИН ҲОФИЗАЕ, КИ
ИНСОНИЯТРО ДАР ҲАЙРАТ ГУЗОШТ
Ҷил Прайс бо ҳофизаи ғайриодӣ ва фавқулода қавиаш дар дунё маълуму машҳур гардидааст. Ӯ воқеаҳои на танҳо як солу ду сол, балки даҳсолаҳо пеш рухдодаро чунон дақиқ дар хотир дорад, ки вақте дар бораашон гап мезанад, гумон мебаред, воқеа дирӯз рух додааст. Ба иқрори худаш чунин қобилиятро аз 12 - солагӣ доштааст.
- Аз 12-солагиам ҳар дақиқаи зиндагиро аниқ дар хотир дорам. Метавонам дилхоҳ санаро интихоб намудаву дар бораи чӣ гуна сипарӣ шудани он муфассал маълумот диҳам, - мегӯяд Ҷил.
Хотираи Ҷилро ба хотираи компютер, ки маълумотро ҷамъ намудаву ҳифз менамояд, монанд мекунанд.
Таҳияи З. РАҶАБ
10 ФУТБОЛБОЗЕ, КИ АЗ ҲАМА БЕШТАР ҶОИЗА БА ДАСТ ОВАРДААНД
7. Серхио Бускетс (Испания) – 36 ҷоиза
Серхио Бускетси испанӣ, нимҳимоятгари такягоҳӣ, аз соли 2008 то соли 2023 дар бошгоҳи «Барселона» (Испания) бозӣ карда, бо ин клуб 32 ҷоиза ба даст овардааст.
Ӯ бо дастаи «Барселона» 9 маротиба қаҳрамони Испания шуда, барандаи Ҷоми Испания (7 маротиба) ва Суперҷоми Испания (7 маротиба) мебошад. Серхио Бускетс, инчунин, дар Чемпионати ҷаҳонии клубҳо, Лигаи чемпионҳо ва Суперҷоми УЕФА 3-маротибагӣ ғолиб омадааст. Ӯ дар тими миллии Испания низ бозӣ карда, соли 2010 қаҳрамони ҷаҳон ва соли 2012 чемпиони Аврупо шудааст.
Серхио Бускетс аз тобистони соли 2023 дар клуби амрикоии "Интер Майами" дар MLS бозӣ мекунад ва бо ин бошгоҳ низ ҷоиза ба даст овардааст.
Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО
ҲИКОЯИ ПАНДОМӮЗ
Бобо ба наберааш гуфт:
– Дар ботини ҳар инсон ду гург ҳаст, ки ҳамеша бо ҳам ҷанг мекунанд: яке гурги бад – кина, дурӯғ, ҳасад ва дигаре гурги хуб – меҳрубонӣ, ростӣ, умед ва муҳаббат.
Набера пурсид:
– Пас кадоме аз онҳо ғолиб меояд?
Бобо ҷавоб дод:
– Ҳамоне, ки ту ба он ғизо медиҳӣ!
ҲИКМАТ: Мо худамон интихоб мекунем, ки чӣ гуна инсон бошем – хуб ё бад.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
Бонуи овозхон Бийонсеи шуҳратёр хеши дури оҳангсоз ва дирижёри маъруфи австрягӣ Густав Малер аст. Вай нуҳумин ҷияни ӯст.
***
Ҳар як тарабхонаи McDonalds дар Австрия телефони боварии 24-соата бо Сафорати ИМА дорад, то ба сайёҳони амрикоие, ки дар изтиробу ташвишанд ё шиносномаи худро гум кардаанд, кумак расонад.
***
44 дарсади аҳолии калонсоли ҷаҳон ҳеҷ гоҳ машрубот истеъмол накардаанд.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
АНДАРЗҲОИ СИМЕОН АФОНСКИЙ, АДИБИ РУС
1. Нишонаи аъмоли нек чист? – Маънавиёти баланд.
2. Чӣ тавр метавон ба мушкилот муқобилият кард? – Бо шодмонӣ.
3. Чӣ гуна метавон ба ранҷу азоб муқобилият кард? – Бо сабр.
Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ
ИН КОРРО НАКУНЕД!
Духтараке аз падар пурсид:
— Падарҷон, агар нафареро хеле дӯст бидорам, аммо ӯ пайваста як кори баде анҷом диҳад, чӣ кор бояд кунам?
Падар ҷавоб дод:
— Бояд бигӯӣ, ки ин корат хуб нест.
— Агар гуфта натавонам-чӣ?
— Хуб, дар як коғаз бинавис ва дар ҷайбаш гузор.
Субҳ, ки мард ба кор омода мешуд, аз ҷайбаш порчаи коғазе ёфт, ки дар он чунин навиштае буд: "Салом падарҷон! Сигор кашидан кори хуб нест, лутфан аз баҳраш гузаред".
Таҳияи З. РАҶАБ
ҲИНДУСТОН ВА ХУСУСИЯТҲОИ ЯК ҶАШН
Ҳиндустон аз ҷашнҳои ҷолибу рангоранг бой аст. Яке аз чунин ҷашнҳо – Ҷашни Худои Ганеша мебошад. Дар фестивалҳо ва роҳпаймоиҳои бахшида ба он ҳар сол ҳазорон сокини маҳаллӣ ва сайёҳон аз тамоми кишвар иштирок мекунанд. Ин Ҷашн тибқи тақвими григорӣ таҷлил мегардад, бинобар ин, ҳар сол ба санаҳои гуногун – 19-уми август то 20-уми сентябр рост меояд. Ганешаро бо сари фил ва тани инсон тасвир мекунанд. Дар давоми даҳ рӯз мардум ин Худои филмонандро ситоиш карда, ба ӯ эҳтиром мегузоранд. Дар анҷоми ҷашн муҷассамаҳои Худои Ганеша барои шустани тантанавӣ ба баҳри Араб бурда мешавад.
Таҳияи Носирҷон АБДУЛҲАҚОВ
Санаи нашр: 27.02.2026 №: 40
