ШАҲРИНАВ. НОҲИЯЕ ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

04 март 2026, Чоршанбе
2


Мусоҳибаи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо раиси ноҳия Абдуқодир Вализода
– Муҳтарам Абдуқодир Вализода, мегуфтед, ки соли рафта барои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти ноҳияи Шаҳринав чӣ тадбирҳо андешида шуданд?
– Нахуст, арзи сипос мекунам, ба роҳбарият ва аҳли эҷоди рӯзномаи №1-и кишвар – «Ҷумҳурият», ки ҳамвора мушкилоту пешрафти ноҳияи Шаҳринавро пайгирию инъикос намуда, бо ин васила, дар ободии ноҳия саҳми муассир мегузоранд. Бетардид гуфта метавонам, ки ноҳияи Шаҳринав дар марҳалаи нави рушд қарор дорад. Нишондодҳои омории солона бозгӯйи онанд, ки қариб дар тамоми соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия дар қиёс ба солҳои қаблӣ пешравиҳои куллӣ ба назар мерасанд.
Татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2021 – 2025 қаноатбахш арзёбӣ мегардад. Барнома аз 190 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии он 382,3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Манбаъҳои сармоягузорӣ аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва сармояи хориҷӣ муқаррар шудаанд. Кулли лоиҳаҳо барои баланд бардоштани вазъи иқтисодиёти ноҳия, беҳтарсозии сатҳи зиндагии сокинон, ҳамқадами замон намудани инфрасохтори асосӣ ва дигар соҳаҳои муҳим равона шудаанд. Алҳол, Барнома ба маблағи 298,1 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.


– Барои рушди соҳаи маорифи ноҳия чӣ тадбирҳо андешидед?
– Соҳаи маориф доимо дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дорад ва барои ҳалли саривақтии мушкилоти соҳа тадбирҳои бетаъхир андешида мешаванд. Феълан, дар ноҳия 61 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳои давлатию хусусӣ барои хонандагони болаёқат, 3 муассисаи томактабии давлатӣ, 4 кӯдакистони хусусӣ, Муассисаи давлатии таълимии “Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим” ва Муассисаи давлатии таълимии “Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи Қаратоғ” фаъолият доранд. Дар соли таҳсили 2025 – 2026 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия 29 ҳазору 380 хонанда, ки 14 ҳазору 497 нафарашро духтар ташкил медиҳад, ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Барои татбиқи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025 тадбирҳои таъсирбахшро рӯйи кор гирифтем. Айни ҳол, дар ҳамаи муассисаҳои томактабии давлатию хусусӣ 912 кӯдак ба тарбият фаро гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар назди 51 муассисаи таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 2377 кӯдаки синни томактабӣ ҷалб шудаанд.


Бо итминон гуфта метавонам, ки дар аксари муассисаҳои таълимӣ шароити моддию техникӣ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ таҳаввули ҷиддӣ дида мешавад. Ҳоло ҳамаи муассисаҳои тобеи шуъбаи маорифи ноҳия бо 947 компютер, 160 принтер, 56 видеопроектор, 27 тахтаи электронӣ муҷаҳҳаз буда, барои назорати доимии рафти таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ 568 камераи мушоҳидавӣ насб гардидааст. Дар муассисаҳо 49 кабинети технологияи иттилоотӣ амал намуда, бо мизу курсиҳои вижаи компютерӣ таъминанд.
Дар баробари дигар масъалаҳои муҳим, беҳтар кардани инфрасохтори соҳаи маорифро дар мадди аввал гузоштаем. Талош дорем, ки сохтмони синфхонаҳои иловагиро дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ зиёд намоем, то камбуди ҷойи нишаст дар онҳо вуҷуд надошта бошад. Танҳо дар соли 2025, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сокинони бонангу ори ноҳия ва ҷалби соҳибкорон дар заминаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ноҳия шаш синфхона, дар МТМУ №11 ҳафт, №35 ҳаждаҳ синфхонаи иловагӣ ва дар МТМУ №6 толори варзиш бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Мушкили дар се баст фаъолият кардани муассисаҳои таълимӣ дар ноҳия вуҷуд надорад.
– Лутфан, оид ба дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳия иттилоъ медодед.
– Аҳли заҳмати ноҳия, бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ ҳамвора дар талошанд. Соли сипаришуда барзгарони ноҳия ба маблағи 908,9 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки дар муқоиса ба соли 2024-ум 66 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Деҳқонони ноҳия бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони 10 ҳазору 881 гектар кишти зироатҳоро гузаронданд. Ногуфта намонад, ки соли 2025 истеҳсолот дар ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ назар ба солҳои гузашта афзуд. Аз ҷумла, ғалладона 16584 тонна, пахта 685, картошка 6341, сабзавот 72914, полизӣ 3637, мева 12329, ангур 11215, гӯшт 3991, моҳӣ 6 тонна ва дигар намудани маҳсулот истеҳсол гардид.
Майдони боғҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1804 гектарро ташкил медиҳад. Дар ноҳия дар масоҳати 6,71 гектар гармхона фаъолият дорад, ки дар 4,73 гектар дарахтони ситрусӣ ва 1,98 гектар сабзавоти барвақтӣ парвариш мешаванд. Ҳамчунин, дар майдони 200 гектар дар зери плёнка кишти барвақтии сабзавот гузаронда шуд. Барои дар ҳамаи фаслҳои сол беосеб нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ ва бо маҳсулоти тару тоза таъмин намудани бозори истеъмолӣ дар ноҳия ҳафт сардхона бо иқтидори ғунҷоиши 1285 тонна амал мекунад.
Аз рӯйи маълумоти оморӣ, дар як сол аз ноҳия 4220 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 200 тонна гелос, 360 тонна олу ва 3660 тонна пиёз, содирот шудааст.


– Бо мақсади мондагор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, омодагиҳо дар ноҳия чӣ гуна ҷараён доранд?
– Бо ҳадафи бошукӯҳ ва сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамарӯза чораҳои муассирро андешида истодаем. Масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сокинони сарбаланду меҳандӯсти ноҳия ва соҳибкорон баҳри ободии ноҳия камар бастаанд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо бунёду барқарорсозии 288 иншооти таъиноташон гуногун дар назар аст. То кунун 224 иншоот бунёд ёфта, мавриди истифода қарор гирифт. Бахусус, дар маркази ноҳия 54 иншоот, деҳоти Акрам Ҳасанов 39, Мирзо Турсунзода 29, “Истиқлол” 37, Сабо 10, Чуст 39 ва Боғистон 15 иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шуданд. Корҳои созандагӣ дар деҳоти мазкур ҷараён доранд.
Меҳмонон ва бошандагони ноҳияи Шаҳринав хуб дар хотир доранд, ки то се сол қабл роҳҳои нақлиётгард дар кӯчаю хиёбонҳои маркази ноҳия ва деҳот вазъи ногувор доштанд. Бо ҳадафи рафъ намудани ин камбудии ҷиддӣ, бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ, ҷалби шарикони рушд ва ташаббусҳои созандаи мардуми шарафманди ноҳия тавонистем, ки роҳҳоро асфалтпӯшу таҷдид намоем. Аз ҷумла, бо ҷалби шарикони рушд роҳи мошингарди кӯчаи Исмоили Сомонӣ пурра асфалтпӯш гардид. Ғайр аз ин, роҳҳои кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, М. Бақоев ва Боғистон низ бо сифати баланд асфалтпӯш шуданд. Даҳҳо километр роҳ дар деҳот асфалтпӯшу бетонпӯш гардиданд. Бавижа, бо дастгирии Мақомоти иҷроия ва сокинону фаъолон, дар деҳаи Чузии деҳоти Чуст 3,7 километр ва дар деҳаи Ҳакимии деҳоти Истиқлол зиёда аз 1 километр роҳи мошингузар асфалтпӯш шуданд. Танҳо дар соли 2025 барои таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингарди ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 1 миллиону 351 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Имсол низ азм дорем, ки дар ҳамбастагӣ бо сокинону шахсони саховатпешаи ноҳия бо иродаи қавию руҳияи тоза корҳои бунёдиро дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи ноҳия идома диҳем.
Табиист, ки ҳар як банди нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баҳри ободию рушди ноҳия ва таъмини зиндагии арзанда барои аҳолӣ нигаронда шудааст. Биноан, татбиқи кулли бандҳои чорабиниҳоро ҳатмию саривақтӣ медонем. Бидуни шак, изҳор менамоям, ки Ҷашни миллиро дар ноҳия бо шукӯҳи хосса таҷлил менамоем.


Ёқуби СОДИҚ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.03.2026 №: 42