ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ ҲИФЗИ МИЛЛАТ АСТ! СУХАН АЗ САМАРАИ ДУ ҚОНУНИ МИЛЛӢ

04 март 2026, Чоршанбе
3


Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва барномаи мукаммали рушди давлатдорӣ натиҷагирии марҳалаи муайяни таърихӣ, роҳнамои устувори ҷомеа ба сӯйи ояндаи пешрафта аст. Дар он бештар аз ҳама ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, танзими ҷашну маросим таваҷҷуҳ зоҳир гардид, ки аз аҳамияти калидии онҳо баҳри пойдории давлату миллат дарак медиҳад.
Миллате, ки арзишҳои фарҳангии худро пос намедорад, дар баробари таъсирҳои беруна осебпазир мегардад. Аз ин рӯ, таъкиди Пешвои миллат ба масъалаи худшиносӣ, ифтихор аз таърихи пурғановат, эҳтиром ба забону фарҳанг ва суннатҳои миллӣ ифодаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи давлат мебошад. Қабули қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими даврони истиқлол ба шумор мераванд. Ин санадҳо на танҳо ба танзими расму оин ва пешгирии исрофкориву зиёдаравӣ мусоидат намуданд, балки ба болоравии маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги сариштакорӣ замина фароҳам оварданд.
Дар Паём таъкид гардид, ки мо набояд ба таассубу хурофот ва тақлид ба фарҳанги барои мо бегонаву хатарбор роҳ диҳем. Ин андеша дар шароите баён мегардад, ки баъзе зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла бегонапарастӣ ва ифротгароӣ, метавонанд ба тафаккур ва рафтори ҷавонон таъсир расонанд. Пешгирии чунин зуҳурот танҳо бо роҳи баланд бардоштани сатҳи маърифат, тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ ва тарбияи дуруст имконпазир аст. Аз ин лиҳоз, рушди илму маориф ва сармоягузорӣ ба ин соҳа ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи миллат арзёбӣ мегардад.
Нақши занону бонувон дар ин раванд махсус таъкид гардид. Зан ҳамчун поягузори муҳити маънавии оила ва тарбиятгари нахустини фарзанд дар ташаккули ахлоқу ҷаҳонбинии насли наврас саҳми беназир дорад. Ҳифзи фарҳанги либоси миллӣ, тарғиби сарфаю сариштакорӣ, эҳтиром ба суннатҳои неки ниёгон ва муқовимат ба зуҳуроти номатлуб аз ҷумлаи рисолати иҷтимоии занон ба шумор меравад. Бо саъю талоши онҳо метавон арзишҳои миллиро ба наслҳои оянда интиқол дод ва пояҳои маънавии ҷомеаро устувор гардонд.
Аз ин рӯ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, танзими оқилонаи ҷашну маросим, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи насли солиму ватандӯст бояд дар меҳвари фаъолияти ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа қарор дошта бошанд. Танҳо дар ин сурат дастовардҳои истиқлолият ҳифз гардида, пойдории давлатдорӣ ва рушди устувори Тоҷикистон таъмин хоҳад шуд.


Меҳрафкан МИРЗОҲОФИЗИЁН,
сармутахассиси шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими вилояти Суғд

Санаи нашр: 03.03.2026 №: 42