САЙЁҲӢ. СОҲАЕ, КИ ИҚТИСОДИ МИЛЛИРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

04 март 2026, Чоршанбе
4


Сайёҳӣ дар кишвари мо яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ инфрасохтори сайёҳӣ тадриҷан рушд намуда, имкониятҳои нави ҷалби сайёҳони хориҷӣ фароҳам оварда шуданд.


Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2024 ба кишвари мо 1 миллиону 400 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст ва соли рафта ин рақам афзоиш ёфта, ба 1 миллиону 784,4 ҳазор нафар расидааст. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба табиати нотакрор, мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва фазои орому меҳмоннавозии кишвари мо мебошад. Бояд гуфт, ки аз шумораи умумии сайёҳон 1 миллиону 634,5 ҳазор нафарро шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил дода, қисми дигари меҳмонон аз давлатҳои хориҷи дур мебошанд.
Афзоиши шумораи сайёҳон натиҷаи сиёсати муваффақонаи давлатӣ дар самти содагардонии низоми раводид, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбафалаккашидаи худ, аз ҷумла силсилакӯҳҳои Помир, кӯлҳои зебо, чашмаҳои шифобахш ва ёдгориҳои машҳури таърихӣ барои рушди сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ, фарҳангӣ ва табобатӣ имкониятҳои фаровон дорад.
Ҳамзамон, рушди сайёҳӣ ба таъсиси ҷойҳои нави кор, баланд гардидани сатҳи хидматрасонӣ ва ғанӣ шудани буҷети давлатӣ мусоидат менамояд. Ин соҳа ҳамчун василаи муҳими муаррифии фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ низ нақши арзанда мебозад. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва тақвияти инфрасохтори хидматрасонӣ ба сайёҳон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар натиҷа, ҳамасола даҳҳо объектҳои нави хидматрасонии сайёҳӣ бунёд ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 367 субъекти хидматрасонии сайёҳӣ, аз қабили 225 меҳмонхона, 61 мотел ва хостел, 56 осоишгоҳ, 4 лагерҳои солимгардонӣ, 6 маркази муолиҷавӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 1 пансионат ва 4 базаи сайёҳӣ фаъолият намудаанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 20-то зиёд мебошад.
Бо назардошти нишондиҳандаҳои соли 2025-ум метавон гуфт, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар марҳалаи рушди устувор қарор дошта, дурнамои он умедбахш мебошад. Идомаи татбиқи стратегияҳои давлатӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба ин бахш имкон медиҳад, ки Тоҷикистон боз ҳам ҷолибтару маъруфтар гардад.


Гулрӯ САБУРОВА, омӯзгор

Санаи нашр: 03.03.2026 №: 42