ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ПОРА ДУД АЗ ДИМОҒИ МАНСАБДОРИ СОБИҚ БАРОВАРД
Собиқ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант А. Ғ. Сайфиддинзода барои мусоидат намудан оид ба таъин кардани шаҳрванд Ҷ. Б. ба вазифаи директори яке аз муассисаҳои таълимии шаҳр 10 000 сомонӣ гирифтааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, А. Ғ. Сайфиддинзода моҳи июни соли 2024 замони дар мансаби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант фаъолият намуданаш ба ин амал даст задааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбати А. Ғ. Сайфиддинозода бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (суиистифода аз ваколати мансабӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, феълан бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гаридааст.
АҲДИДИ ЗИНДОН БА МАРДЕ, КИ ҶОНИ ҲАМСАРАШРО БА ЛАБ РАСОНД
Мақомоти корҳои дохилӣ аз боздошти марди ситамкоре хабар дод, ки барои ба худкушӣ расондани ҳамсараш айбдор мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, гумонбар ба ин ҷиноят марди 29-солаи сокини шаҳри Истравшан буда, зарфи як соли охир мунтазам бо роҳи таҳдиду дашном шаъну шарафи ҳамсарашро паст мезадаст. Дар натиҷаи фишорҳои пайвастаи равонӣ ҷабрдида – зани 26-солаи сокини ҳамин шаҳр 10-уми феврали соли 2026 қасд ба ҷони худ карда, бо истеъмоли чанд навъ дору худро заҳролуд кард.
Ҳоло ин зан бар асари истеъмоли дору дар беморхона бистарӣ гардида, нисбат ба шавҳараш бо моддаи 109 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (ба худкушӣ расондан) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
БОЗДОШТИ ҶАВОНЕ, КИ ДАР ДИЛИ ШАБ ДУЗДӢ КАРД
Як ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ аз хазинаи ширкате дар ҳамин ноҳия беш аз 20 ҳазор сомониро дуздидааст.
Сомонаи ВКД бо нашри ин хабар иттилоъ медиҳад, ки шахси гумонбар шаби 26-уми феврал бо роҳи пинҳонӣ дари ҶДММ “Муваффақ ва Комёб” дар ноҳияи Дӯстиро шикаста, вориди коргоҳ мешавад ва аз хазина 20 ҳазору 441-сомониро бо худ мебарад.
Ҳодисаи дуздӣ дар пайи аризаи директори генералии ҶДММ “Муваффақ ва Комёб”, ба ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ ошкор гардида, ҳоло мавриди тафтишот қарор дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
