«ШОҲНОМА»

04 март 2026, Чоршанбе
3

Умри ман бигзашт аз пушти китоб,
Чакраҳои соф аз мушти китоб:
Чун кушодам чашм бар таърихи худ,
То биёбам аз дарахтам бехи худ,
Кӯҳи Қофи каҳ сар овард аз раҳам,
Сӯи нофи маҳ баровард аз раҳам:
Пешдодӣ пеш хондам бо ҳама,
Бо Ҷамаш Наврӯз рондам бо ҳама.
Бо Фаридун кардамаш кин то фалак,
Рехт аз худ маззаи нону намак.
Гарчи буда пешзо кини падар,
Аз падар бигзашт кинҳои писар.
Кайқубодиро суруш андохтам,
Дар ниҳоди Меҳр нӯш андохтам,
Бадтарин бад бо набера ҷанг буд,
Ҷанги мағзу дона зери санг буд.
Тавбаи Кайхусраву луҳроспӣ
Бо Зародуш «пар зада» гуштоспӣ.
Дини беҳ гуфтам, ки дунё беҳ шавад,
Ҷангҳо пинҳон зи теғу зеҳ шавад.
Ҷони бад дар ларза шуд аз Зардуҳушт,
Гӯиё як дарза шуд ӯро ба мушт.
Ҷанги эрониву туронӣ кашид,
Хӯи фарзандон сари хоне кашид.
Аз Зародуш ростӣ бардоштам,
Дар тани як дил ду хун бигзоштам.
Хуни эронӣ ба тозӣ рехтам,
Ҷанги хунҳо дар тане омехтам.
Хуни эронии Золӣ медамид,
Хуни тозии Рудоба мемакид.
Хуни эронӣ хирадро мекашид,
Хуни тозӣ ҷоҳилият мешапид…
Ҷанги хунҳоро ба як тан бурдамаш,
Ҷанги як тан дар ҷаҳон густурдамаш…
Хуни Суҳробам тапон дар дил ҳанӯз,
Меҳр чун Таҳмина рӯи гил ҳанӯз,
Аз Сиёвуш чун бигӯям ҳарфи пок,
Поктар гардад дилам аз барфи пок.
Гарчи ҷустам аз ризои фитна дод,
Фитнаро буд кӯр чашми номурод,
… Бо Дақиқии хирадпири ҷавон,
Кинаи худро сари дӯшам намон.
Ӯям аз худ то авастоӣ кашонд,
Бар сари тахти шаҳиям ӯ нишонд…
Кӯри фитна «нози» гуштаспӣ гирифт,
Аз дили Исфанд нав таспе гирифт…
Рустами маҳбурдаам дар чоҳ зад,
Бо бародарҳои худ аз гоҳ зад…
Паҳлавонӣ хонаро паҳлу шикаст,
Мӯмиёе зад Куруши чирадаст.
Дориюшро чун сутун по додамаш,
Устухони хона паҳно додамаш…
Зери по шуд устухони қасри нав,
Чун Сикандар гом зад дар асри нав…
Бурд Сосон шонаеро то фалак,
Шонаи дигар Кушон зад бо фалак.
Бом, охир, бар сари Чӯбина рехт,
Чӯбро нам андаруни сина рехт.
Каҷниҳоду каҷнигоҳи гурбакуш
Хони Рай бикшод бар меҳмони муш,
Хонадору хонаро бар бод дод,
Хоҳари Чӯбина Рай обод зод.
Бол зад Хусрав ба парвози расо,
Бастаи дасти писар шуд дасту по…
Бо раҳи хунин шудам то дини нав,
Дини нав ҳам хест сӯи кини нав.
Зинда шуд Заҳҳок ҳам бори дигар,
– Мағзхорӣ! – зад ба сар ҷори дигар…


Зиё АБДУЛЛО, шоир

Санаи нашр: 04.03.2026 №: 43