«ҶУМҲУРИЯТ» ЁВАРИ БЕМИННАТ ДАР ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН
![]()
Воситаҳои ахбори омма дар дастраси ҳамагон кардани навид, ташаккули афкор, тарғиби хислатҳои ҳамида ва, пеш аз ҳама, дар баррасию тавзеҳи асноди муҳими давлатию ҳукуматӣ ва дарки сиёсати имрӯз нақши муҳим доранд. Аз ҷумла, Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар ин ҷода бештар аз як аср боз пешсаф аст. Дар баробари ин, омӯзгорон аз мутолааи ин рӯзнома ва дигар васоити ахбор аз набзи замону ҷаҳон бештар огоҳ мешаванд: ҳам иттилооти рангину ҷолиб дармеёбанд ва ҳам як навъ аз такмили ихтисос мегузаранд.
Гузашта аз ин, мақолаю гузоришҳо дар фаъолияти омӯзгорон бо шогирдон ба таври васеъ истифода мешаванд. Аз ин ҷиҳат «Ҷумҳурият» барои аҳли таълиму тарбия бештар мададгор ва судманд аст. Ҳар як омӯзгор вобаста ба ҳадафҳои дарс ва мавзуи машғулиятҳо аз ин нашрия маълумоту иттилооти даркорӣ пайдо менамояд. Масалан, дар ҳар шумораи нашрия дар саҳифаи аввал бо унвони «Сухани рӯз» як-ду ҷумла иқтибос аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ё аз гуфтаҳои ҳикматбори шахсиятҳои бузурги ҷаҳон доир ба миллати тоҷик оварда мешавад. Омӯзгори забон вобаста ба мавзуъ бо хонандагон аз ин ҷумлаҳо намунаҳо интихоб намуда, таҳлили шифоҳӣ ё хаттӣ мекунад. Дар ин раванд, албатта, ба мазмуни ҷумлаҳо низ диққат дода мешавад. Ба ин восита ҳам мавзуъ амиқ омӯхта мешавад ва ҳам ҷанбаи тарбиявии дарс манфиатбор мегардад. Барои омӯзгорони адабиёт истифода аз ашъори ватандӯстонае, ки дар «Ҷумҳурият» пайваста чоп мешаванд, хеле муфид хоҳад буд. Ин шеърҳо як навъ заминае буда метавонанд ба шеърҳое, ки вобаста ба мавзуи ватандӯстӣ дар китобҳои дарсии адабиёти тоҷик оварда шудаанд. Илова бар ин, нашрия дар бораи адибон ва асарҳои тозаи онҳо, нашри китобҳо, масъалаҳои таърихӣ ва оид ба навгониҳои адабӣ нигоштаҳои мухтасару ҷолиб ба чоп мерасонад, ки хеле судманданд.
Ҳамин гуна, омӯзгорони ҳамаи фанҳо аз саҳифаҳои «Ҷумҳурият» барои худомӯзӣ ва такмили дарсҳояшон маълумоту матолиби мувофиқ ва фарогир дастрас карда метавонанд. Ҳар як омӯзгор имкон дорад, ки барои лаҳзаҳои истироҳат ва берун аз дарс бо хонандагон аз саҳифаҳои «Шоми шанбе» иттилоъ ё далели шавқовару муассиреро интихоб намояд.
Ба вижа, «Ҷумҳурият» барои дарсҳои тарбиявӣ ба роҳбарони синфҳо маводи фаровон мебахшад. Нигоштаҳои нашрия бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», тафсиру ташреҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», пешгирӣ аз ифроту бегонапарастӣ меҳвари дарсҳои тарбиявӣ шуда метавонанд.
Дар омӯзишу тавзеҳи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва махсусан, Паёми ҳарсолаи Сарвари кишвар ба Маҷлиси Олӣ, барои хонандагон истифода аз навиштаҳои «Ҷумҳурият» айни муддаост. Ҳамчунин, дар заминаи бардошт аз силсилаахбори нашрия метавон ҳамоиши мухтасари субҳгоҳии аҳли муассисаро бештар ҷолиб кард.
Маълум, ки дар муассисаҳои таълимӣ мунтазам бахшида ба рӯйдодҳои муҳими замон, тадбирҳои фарогири давлату Ҳукумат, санаҳои таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ маҳфилу конфронсу нишастҳо баргузор мешаванд. Дар баргузории ин гуна тадбирҳо низ «Ҷумҳурият» мададгори омӯзгорон буда метавонад.
Дар оғози моҳи феврали соли равон, шумораҳои 22-23, рӯзнома, мақолаи «Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025»-ро дар ҳаҷми 6 саҳифаи рангин пешкаши хонандагон кард, ки аз он мо ҳам истифода бурдем. Дар заминаи ҳамин гуна гузоришҳои муҳтавоманду муфассали «Ҷумҳурият» метавон дар таълимгоҳҳо конфронсҳои судманду муфид гузаронд.
Бовар дорам, ки рӯзномаи мақбулу маҳбуби мо – «Ҷумҳурият» минбаъд низ мавқеяшро ҳамчун мададгору раҳнамои аҳли таълиму тарбия нигоҳ хоҳад дошт.
Заррагул ҶАЛИЛЗОДА,
омӯзгори МТМУ №23,
ноҳияи Айнӣ
