«ДУНЁИ САОДАТ». ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, таҳти унвони «Дунёи саодат» баргузор гардид.
Давлат Сафарзода, муовини вазири фарҳанг, иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо дастгириву ҳидояти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои мамлакат баҳри рушду такомули фарҳангу ҳунари миллӣ муҳиту заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Баргузор гардидани силсилаи барномаҳои фарҳангӣ ифодагари ин гуфтаҳоянд.
Ҳадаф аз баргузор намудани Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» - рушд додани фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши оила, эҳсоси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ ва зебоипарастию эҷодкорӣ дар байни ҷавонону наврасон мебошад.
Дар даври ҷамъбастӣ ансамблҳои оилавии Неъматовҳо аз шаҳри Конибодом, Латифовҳо аз ноҳияи Мастчоҳ, Холовҳо аз шаҳри Кӯлоб, Одинаевҳо аз ноҳияи Ишкошим, Раҳимовҳо аз шаҳри Роғун, Нуровҳо аз шаҳри Ҳисор ва Муродовҳо аз шаҳри Турсунзода иштирок намуда, аз рӯи бахшҳои намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои бадеии халқӣ, навозиши умумӣ, суруди якка, бадеҳа, навозиши якка, рақси якка, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди анъанавӣ ва суруди умумӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Дар фарҷом ба ҳамаи иштирокдорон Диплому туҳфаҳои хотиравӣ ва ба шарикону гурӯҳи кории Фестивал сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуданд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)