САНОАТ. ИСТИХРОҶИ МАЪДАН САРМОЯИ БЕШТАР ҶАЛБ МЕКУНАД
Соли гузашта қисми зиёди сармояи воридшуда ба иқтисодиёти кишвар, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мониторинги он ба анҷом расонда шуд, ба соҳаи саноати истихроҷ равона гардидааст. Тибқи маълумоти фаврии Кумита, зиёда аз 56 дарсади сармояи мустақими воридшуда, ки 286,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, барои рушди соҳаи истихроҷ интиқол ёфт. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки бозори саноати истихроҷ дар соли гузашта ба таври назаррас ҷалби сармоя кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз омилҳои муҳими таъмини ҷалби сармояи хориҷӣ ин такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, бо пешниҳоди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ аз 14-уми майи соли 2025, № 2173 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» дар таҳрири нав қабул гардид. Инчунин, дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 бармеояд, 1-уми июли соли 2025 Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2026 – 2030 ба тасвиб расид. Ҳамчунин, тибқи супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, то охири семоҳаи аввали соли равон Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳим қабул ва мавриди амал қарор мегиранд.
Дар ҳамин ҳол, дар бораи саноати коркарди маъданҳо, ки яке аз самтҳои афзалиятноки саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок ба ҳисоб меравад, бояд сухан гуфт, зеро коркард ва ба маҳсулоти ниҳоӣ расондани канданиҳои фоиданок, ки сарзамини мо аз он хеле бой аст, ба рушди бештари иқтисодиёт, таъсиси ҷойҳои нави кор ва боло рафтани нархи маҳсулот оварда мерасонад. Сарвари давлат дар суханрониҳои худ ин масъаларо борҳо таъкид дошта, ба Ҳукумати мамлакат супоришҳои мушаххас дода буданд. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки дар соли 2024-ум саноати коркарди маъдан 205,6 миллион доллари ИМА ё 40,8 дарсади саромояи мустақими дохилшударо дар бар гирифт. Мутаассифона, дар соли 2025 ин маблағ қариб ду маротиба коҳиш ёфта, 103,1 миллион долларро ташкил дод.
Дар маҷмуъ, имрӯз соҳаи саноати истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок дар марҳалаи рушди босуръат ва ташаккули корхонаҳои нави саноатӣ қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дорои захираҳои бузурги табиӣ ва иқтидори кофии сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи истихроҷ ва коркарди маъданҳо, мебошад. Бо такя ба захираҳои табиӣ, инфрасохтори рушдёбанда ва сиёсати созандаи давлат, кишвар метавонад барои имсол ва солҳои минбаъда ҷойгоҳи худро дар бозори ҷаҳонии сармоягузорӣ устувор гардонад ва ҷалби мутавозини сармояро ба соҳаи истихроҷ ва коркард таъмин намояд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
