МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО МАСАТО КАНДА
4-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Бонки осиёии рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат Масато Кандаро ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби президенти Бонк табрик гуфта, ташрифи нахустини ӯро ба Тоҷикистон нишонаи таваҷҷуҳи махсуси ин ниҳоди молиявӣ ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо арзёбӣ намуданд.
Зимни суҳбат ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва саҳми Бонк дар татбиқи ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки Бонки осиёии рушд яке аз шарикони асосии кишвари мо ба шумор рафта, давоми солҳои ҳамкорӣ барои татбиқи зиёда аз 200 лоиҳа ба маблағи 2,9 миллиард доллари ИМА саҳм гузоштааст.
Ҷонибҳо аз қабули Стратегияи нави шарикии Бонк ва Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030 изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гашт, ки самтҳои асосии он, аз ҷумла рушди энергетика, нақлиёт, рақамикунонӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими бахшҳои иҷтимоию хусусӣ, ба ҳадафҳои миллии Тоҷикистон комилан тавъам мебошанд.
Ба раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлат барои дастгирии буҷети давлатӣ ва пешбурди ташаббусҳо дар самти ташаккули «иқтисоди сабз» ба Бонк изҳори сипос карданд.
Ҳамчунин, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, муқовимат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина, ҷалби маблағгузории иловагӣ ва идомаи ислоҳоти сохторӣ барои рушди сармояи инсонӣ ва таъмини амнияти экологии минтақа зарур дониста шуд.
Ҷонибҳо омодагии худро ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати судманд таъкид сохта, изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои ин мулоқот ба рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд мусоидат менамояд.
