ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!

05 март 2026, Панҷшанбе
3


Такягоҳи ман аст асолату кеш,
Бенишонист ҳукми қавми пареш,
Зиндагӣ гоҳ нӯш дораду неш,
Пешво хонадат ба фитрати хеш:
Тоҷикистон ба пеш, боз ба пеш!


Гули садранги як чаман бошем,
Якдилу якзабону тан бошем,
Рӯзу шаб дар ғами Ватан бошем,
Миллати ишқ кас надид пареш:
Тоҷикистон ба пеш, боз ба пеш!

Мардуми ғайр майли мо накунад,
Рӯзи сахтӣ ба кас вафо накунад,
Ҷони худ баҳри мо фидо накунад,
Қудрат аз ҳамдилӣ физояд беш:
Тоҷикистон ба пеш, боз ба пеш!

Ҳама яктан чи марду зан бошад,
Пираҳан парчами Ватан бошад,
То абад бар лаб ин сухан бошад,
Бонг зан, бонг, халқи некандеш:
Тоҷикистон ба пеш, боз ба пеш!

Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, корманди АМИТ

Санаи нашр: 05.03.2026 №: 44