МОДАРНОМА
(рубоиҳо)
Модар, ки ба ҷони мо баробар бошад,
То ҳаст, ҳумои бахт бар сар бошад.
Эй кош, тамоми умр рӯзу шаби мо
Фархунда чу ҷашни Рӯзи Модар бошад!
***
Ҳаргиз нарасад ғубори ғам бар сари ту,
Сар дар накашад гарди алам аз дари ту.
Ман модари ғамгусори худ гум кардам
Хоре нахалад ба панҷаи модари ту.
***
Гӯянд, баҳори бехазон аст биҳишт,
Гулбоғи ҳамеша гулфишон аст биҳишт.
Пайғоми паямбар аст бар насли башар:
“Дар зери қудуми модарон аст биҳишт”.
***
Модар, ки биҳишти кӯдакӣ домани ӯст,
Сарманзили ваҳдату якӣ домани ӯст.
Сарсаҳфаи “Қонун”-у “Шифо”-и Сино,
Сарчашмаи шеъри Рӯдакӣ домани ӯст.
***
Сар дар қадами ту сарфарозӣ бошад,
Савдои ту авҷи бениёзӣ бошад.
Рӯйи гули ту нишона аз боғи биҳишт,
Меҳроби ду абрӯ-т намозӣ бошад.
Ҳасани СУЛТОН, корманди АМИТ
