ОСТОНИ МОДАРҶОН

10 март 2026, Сешанбе
6

Остони модарҷон нури осмон дорад,
Ошдони модарҷон нори суғдиён дорад.
Сӯзании модарҷон гӯшае зи гулзор аст,
Милт-милт гулҳояш ханда бар хазон дорад.
Кулчае, ки модарҷон мепазад ба дасти худ,
Беҳ зи кулчақанди кас таъм дар даҳон дорад.
Ҳотае, ки модарҷон мебикорадаш райҳон,
Дар машоми ман бӯйи равзаи ҷинон дорад.
Оби ҷӯ, ки модарҷон мекунад равон бар кишт,
Нағзнағма мехонад, гӯиё, равон дорад.
Деҳае, ки модарҷон мезияд, маро ҷазба
Бештар зи Венезу аз Вашингтон дорад.
Пайраҳе, ки модарҷон мезанад қадам дар он,
Рифъате фузунтар аз Роҳи Каҳкашон дорад.


Салими ЗАРАФШОНФАР,
барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода

Санаи нашр: 10.03.2026 №: 46