НИШОНИ МОДАР
Эй давлати рӯзгор, Модар, Модар,
Эй тантанаи баҳор, Модар, Модар.
Ҳар рӯзи ту ид аст, агар фарзандон
Бошанд туро канор, Модар, Модар.
***
Модар, ту дили суханпарасте дорӣ,
Дар шоириям яқин ки дасте дорӣ.
Раҳдураму нестам асоят, аммо
Сад шукри Худо кунам, ки ҳастӣ дорӣ.
***
Ҷонам қурбони ҷони Модар бошад,
Сими суханам зи кони Модар бошад.
Сардафтари девони ғазалҳои ман аст,
Шеъре, ки дар он нишони Модар бошад.
Нусратуллои БОБО, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
