ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 10 марти соли 2026, №119, ш. Душанбе
Дар бораи Муассисаи давлатии «Академияи сайёҳӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаҳои 52, 53 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии «Академияи сайёҳӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода шавад.
2. Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии «Академияи сайёҳӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 10 марти соли 2026, №120, ш. Душанбе
Дар бораи Муассисаи давлатии «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаҳои 52, 53 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода шавад.
2. Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 10 марти соли 2026, №121, ш. Душанбе
Дар бораи Муассисаи давлатии «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаҳои 52, 53 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода шавад.
2. Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ШАРҲИ ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУАССИСАҲОИ ДАВЛАТИИ «АКАДЕМИЯИ САЙЁҲӢ», «ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ДИПЛОМАТИЯ» ВА «ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ»
10-уми март аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муассисаҳои давлатии «Академияи сайёҳӣ», «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия» ва «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба имзо расиданд.
Дар ҷаҳони имрӯз қудрати давлатҳо ба илму дониш ва ҷаҳонбинии шаҳрвандони онҳо вобаста буда, маҳз насли хушсаводу донишманд ва соҳибилму соҳибтахассус метавонад рушди иқтисодию иҷтимоии Ватани худро таъмин намояд.
Ин масъала зери таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ҳамасола дар кишвари маҳбубамон садҳо муассисаҳои нави таълимӣ ба истифода дода мешаванд ва барои наврасону ҷавонон шароити замонавии илмомӯзӣ фароҳам мегардад.
Бо дарназардошти афзалияти бештар пайдо намудани соҳаи сайёҳӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди ҷомеа, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самтҳо иқдомҳои натиҷабахш амалӣ гардида истодаанд.
Таъсиси ин муассисаҳои таълимиро, ҳамчунин, нишонаи пешсафии Тоҷикистон дар татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз 25-уми июли соли 2025, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд, номидан мумкин аст.
Маҳз ҳамин ташаббускорӣ ва пешсафиҳост, ки Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ пазируфта шуданд. Эълон гардидани шаҳри Душанбе – пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020 – 2021, ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил гардидани мавзеъҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси кишвари азизамон дар ин соҳа мебошад.
Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 қабул шуд, ки ин тадбирҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд.
Дар ин самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардида, дар он ҳадафҳои асосӣ, аз ҷумла рушди инфрасохтори рақамӣ, омодасозии мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёт, истифодаи технологияҳои зеҳнӣ дар идоракунии давлатӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ пешбинӣ гардидаанд.
Дар ин раванд, ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибкасб, забондон ва дорои донишҳои замонавӣ дар бахшу соҳаҳои болозикр бо иқдоми навбатии Пешвои миллат дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис ёфтани муассисаҳои давлатии «Академияи сайёҳӣ», «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия» ва «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ» идомаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, барои соҳибкасб гардидани ҷавонон имкониятҳои навро фароҳам меоранд.
