ТОҶИКИСТОН. ОЗОДИИ МОДАР ОЗОДИИ ВАТАН АСТ!
Дар шароити соҳибистиқлолии кишвар, рушди давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ масъалаи мақому мавқеи занон дар ҷомеа мазмуни нав касб намуд. Дар ҷараёни ислоҳот, ташаккули сохтори нави ҷомеа ва навгониҳои мафкуравӣ (идеологӣ) дар ҷамъият мақоми занон дар ҳаёти сиёсӣ хеле боло рафт.Чунон ки Пешвои миллат мефармоянд: «Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан – модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан, бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад». Мақоле ҳам ҳаст: «Агар зан намебуд, мард ҳеҷ гоҳ ҳастии худро дар ҳаёт дарк намекард».
Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон таъкид ва таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи шоистаи зан бештар аз пеш аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳким бахшидан ва боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, пеш аз ҳама, ба фароҳам овардани шароити муносиби таҳсили духтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Тибқи Квотаи президентӣ ҳар сол духтарони зиёд аз ноҳияҳои дурдасти кишвар ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил гашта, соҳиби тахассус мегарданд. Духтарони тоҷик дар хориҷи кишвар низ дар риштаҳои гуногун хеле фаъолона дар пайи донишандӯзӣ ҳастанд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо аз ҳисоби занону духтарони тоҷик дар мансабҳои роҳбарӣ, аз ҷумла аъзои Ҳукумат, вазирон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Мо, занону модарони тоҷик, шукр мегӯем, ки баробари ба сари қудрат омадани Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қалби зан – модари тоҷик аз нав ба зиндагӣ гарм шуд, ин марди хирадманд тавонист мавқеи занро боло бардорад ва дар ҳар лаҳзаи ҳаёт ҳамраҳу ҳамдарду ҳамрози модарон бошад. Дар тамоми вохӯриҳояшон ба мақоми зан дар ҷомеа баҳои баланд дода, таъкид мекунанд: «Ҷомеае, ки ғамхори зан – модар бошад, ба ояндаи худ кафолат дода метавонад. Давлате, ки барои зан – модар ғамхор набошад, оянда имконияти давом додани ҳастии худро аз даст медиҳад».
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба фаъолияти духтарон, занону модарон эҳтироми хосса зоҳир намуда, диққати ҳамагонро ба фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила диққати аҳли нишастро ҷалб карда, занонро ҳамчун "чароғи оила", неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши анъанаҳои беҳтарини миллӣ номида, ба роҳбарони тамоми муассисаҳо дастур доданд, ки дар корҳои роҳбарикунанда сафи занони лаёқатмандро зиёд гардонанд.
Пешвои миллат ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона низ диққат дода, аз ривоҷ ёфтани баъзе омилҳои вайроншавии хонаводаҳо изҳори нигаронӣ намуданд.
Дини мубини Ислом низ ҳуқуқу озодиҳои бонувонро ҳифз мекунад. Танҳо хурофотпарастонанд, ки мехоҳанд занҳоро аз тамоми ҳуқуқу озодиҳояшон маҳрум гардонанд. Ифротгароён талаби онро доранд, ки тамоми мактабҳою муассисаҳо ба рӯйи занон баста ва онҳо аз кор ба таври маҷбурӣ ронда шаванд. Бо ин рафторҳояшон мехоҳанд сулҳу субот, оромию осоиштагии мардумро халалдор намоянд. Вақте расидааст, ки мо, занон ҳушёриро аз даст надода, ба муқобили ин маризиҳо, ки дарди ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштаанд, муборизаи беамон бурда, ин заҳрпечакро, ки дунёро фарогир аст, аз бех решакан кунем. Нагузорем, ки аҳриманони миллат ба ниятҳои ифлоси хеш расанд.
Мавҷуда ХУҶОВА,
ходими пешбари илмии АМИТ,
номзади илмҳои филология
