БОЗ ҶОЕ ГУЛӮЛАЕ ТАРКИД!

14 март 2026, Шанбе
4


Боз ҷое гулӯлае таркид!
Рафт тарке ба боми хонаи ман.
Дилам аз зарбааш тагорӯ шуд,
Хала зад дил ба зери шонаи ман.


Фавҷи мурғе, ки масти хониш буд,
Аз сари шохаҳо париду гурехт.
Гунг шуд боғи хушнавои баҳор,
Риштаи нағмаю тарона гусехт.
Тифли хобам даруни гаҳвора
Тарс хӯрду гирист зор ба зор.
Шукри ҷони саломаташ кардам
Бо дилу ҷони пурғаму афгор.
Шояд он ҷо, ки он гулӯла фитод,
Буд гаҳвораи чунин тифле.
Ҷойи он монд ҳавзае боқӣ,
Ҷо ба ҷо шуд таҳи замин тифле.


Модараш гаҳвора мекобад,
Асар аз тифли худ намеёбад,
Рӯ ба ханҷол меканад модар,
Сар ба девор мезанад модар.


Модаронро ба дил чунон дардест,
Дил куҷо – мушти ҳасрату армон,
Ки ба боқии умр насли башар
Натавонад кунад варо дармон.


Боз ҳоло гулӯлае таркид,
Гашт ноҷӯр набзи сайёра.
Он ки бояд ба Каҳкашон мерафт,
Пора-пора бишуд ба гаҳвора.


Он ки бояд зи дасти ӯ мешуд
Марг фардо забунсару кушта,
Ногаҳон пеши чашми модари худ
Шуд ба хуни дили худ оғушта.


Гар чунин аст азми аҳли башар,
Нашавад сабз решаи фардо,
Лонаҳо аз дарахтҳо афтанд,
Пушти гӯр аз само шавад боло.
Аскар ҲАКИМ,
Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 13.03.2026 №: 49