МИРЗО ИСМОИЛЗОДА: «ВАҲДАТ АЗ ФАЙЗИ ҚАДАМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ГУЛ МЕКУНАД»
Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода доир ба ташаббусҳои бунёдкоронаи сокинон ҷиҳати истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии соли гузашта дар суҳбат ба рӯзноманигори "Ҷумҳурият" чунин гуфт: “Аз файзи қадамҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гӯшаи зархези диёр шукуфтаву ба туфайли заҳмати содиқонаи фарзандонаш ба дастовардҳои шоёни меҳнатӣ ноил мегардад. Сокинон аз суҳбати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба шаҳр моҳи сентябри соли сипаригардида анҷом доданд, руҳу илҳоми тоза гирифта, бо дилу нияти нек ва бо ҳисси баланди ватандӯстию ифтихормандӣ дар ободониву пешрафти шаҳри худ дастаҷамъона саъю талош доранд”.
Воқеан, тавре мушоҳида мегардад, имрӯзҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраку деҳоти Ваҳдат корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат идома доранд ва ҳар нафаре, ки вориди шаҳр мегардад, дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодиро мушоҳида менамояд. Мардуми заҳматқарини шаҳр ин ҳама ободкориҳоро аз шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
– Зикр бояд намуд, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни миллӣ дар шаҳр корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтанд. Ба ин муносибат дар шаҳр аз 800 иншооти нақшавӣ то ин вақт наздик ба 670 иншооти гуногунсамт сохтаву ба истифода дода шудааст. Инчунин, 122 километр роҳи маҳаллӣ таъмир гардид. Феълан, дар шаҳр бо ташаббусу дастгириҳои мақомоти марбута, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар дигар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии шаҳр ба ҳисоб рафта, бобати таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, афзун гардондани имкониятҳои содиротӣ ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Ин соҳаи муҳим зери таваҷҷуҳи МИМҲД шаҳр қарор дорад. Имрӯзҳо дар шаҳр баробари афзудани маҳсулоти кишоварзӣ, гармхонаю корхонаҳои коркарди маҳсулот, ҳавзҳои моҳипарварию фермаи мурғпарварӣ бунёд гардида, дар ғанисозии бозори истеъмолӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Имрӯзҳо, баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, дар шаҳри Ваҳдат низ ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат, тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Аз ҷумла, бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр бунёди 92 корхона дар назар буда, то ин замон 72-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Танҳо соли гузашта 11 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ба истифода дода шуданд. Корхонаҳо бо дастгирии соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузор бунёд ёфтаанд.
Таъсиси ҷойҳои нави кор самти дигари фаъолияти МИМҲД маҳсуб ёфта, дар ин давра 11 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор гашт, ки дар он 410 корхонаю муассисаҳо иштирок намуда, 3654 ҷойи кори холӣ пешниҳод карданд. Дар ин давра 1370 нафар ба ҷойи кори доимию мавсимӣ ва 310 нафар ба касбомӯзӣ сафарбар шуданд. Ҳамчунин, 2904 ҷойи нави кор таъсис ёфт, ки аз ин шумора 879 ҷойи кори доимӣ ва 1613 ҷойи кори муваққатию мавсимӣ мебошад, – иброз дошт Мирзо Исмоилзода.
Маврид ба ёдоварист, ки шаҳри Ваҳдат бо доштани манзараҳои зебои табиат, маконҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои сайёҳӣ машҳур аст. Бахусус, дараи Ромит яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии кишвар ба ҳисоб рафта, мавзеъҳои диданӣ, боду ҳавои мусоид, обҳои мусаффо ва набототу ҳайвоноти нодираш дер боз сайёҳонро мафтун кардааст. Боиси зикр аст, ки танҳо соли гузашта аз маконҳои сайёҳии шаҳр 82 457 сайёҳ (аз ҷумла, 1197 сайёҳи хориҷӣ) боздид намуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 11,5 ҳазор сайёҳ бештар мебошад.
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат минбаъд низ барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд, – гуфт дар хотимаи суҳбат раиси шаҳр.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
