100 САТР АЗ СОЗАНДАГӢ

14 март 2026, Шанбе
17


МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. ИФТИТОҲИ РОҲ ВА БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР НОҲИЯ


Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мошингарди дохили деҳаи Пахтакори деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифт. Асфалтпӯшкунии роҳҳо ҳамчун иқдоми муҳими созандагӣ ба рушди инфрасохтори деҳот мусоидат менамояд.


Тибқи иттилоъ, дарозии роҳ 3 530 метрро ташкил дода, деҳаи Пахтакорро ба роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии Гулистон – Фархор пайваст менамояд. Корҳои сохтмонӣ аз аввалҳои моҳи июни соли 2025 аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби аҳолӣ оғоз гардида, бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ ба сомон расид. Иқдоми соҳибкорони ватанӣ шоистаи таҳсин аст ва чунин корҳои ободониву созандагӣ дар арафаи Ҷашни миллӣ далели равшани ҳисси баланди ватандӯстии сокинон мебошад. Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ноҳия бунёду навсозии дигар роҳҳои маҳаллӣ низ идома дошта, татбиқи онҳо ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар маҳаллаи Фазл Набии деҳоти Даштигуло бунгоҳи тиббӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рустамшо Ҷаҳонгир ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки бунгоҳи тиббӣ бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ бо сарфи 985 000 сомонӣ бунёд ва бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз гардид.
Бунёди иншооти мазкур далели таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳаи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар ноҳия мебошад.


КОНИБОДОМ. ВАҚТЕ СОКИНОН ДАСТУ ДИЛИ ГАРМ ДОРАНД...

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррамгардонӣ вусъати тоза касб намудааст. Сокинон барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саъй доранд.
Андар Раҳмонӣ, сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки зимни сафари кории раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом ба сохтмони бинои нави Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова санги асос гузошта шуд.


Инчунин, ба раиси вилоят маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматии «Конибодом сити» муаррифӣ гардид. Тарҳи иншоот бо риояи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ таҳия шудааст. Аз ҷумла, дар ошёнаҳои якум ва ҳудуди маҷмаа сохтмони мактаб, кӯдакистон, марказҳои савдою хидматрасонӣ, майдончаи варзишӣ, истгоҳи нақлиёт ва қаҳвахона пешбинӣ гардидааст.
Дар идома раиси вилоят бо лоиҳаи майдони Парчами давлатӣ ва тарабхонаи замонавӣ дар деҳоти Куҳандиёр шинос шуд. Бунёди Майдони Парчами давлатӣ дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ нақши муҳим хоҳад дошт.
Аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят маълумот доданд, ки дар назди МТМУ №18 бинои нави таълимӣ барои 320 хонанда дар як баст бо маблағгузории МИМҲД вилоят бунёд гардида, аз ду ошёна ва синфхонаҳои барҳаво иборат мебошад. Ҳоло қисми асосии корҳои сохтмонӣ ба сомон расидаанд.
Бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Маҳфуза Бобоҷонова раванди навсозии муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 240 кӯдак идома дорад. Илова бар ин, дар деҳоти Фирӯзоба сохтмони бинои МТМУ №17 босуръат давом дорад. Инчунин, бо саҳми сокинони ватандӯст дар деҳаи Сафедорак бунгоҳи саломатӣ бунёд мешавад. Ҳамзамон, дар деҳаи Ҷаҳонзеб бо саҳми сокинон толори варзиш баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.03.2026 №: 50