РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Абдуқаҳҳор Ойматов зодаи деҳаи Басмандаи дилрабои ноҳияи Деваштич, фарзанди яке аз шахсиятҳои обрӯманду фозил Оймаҳмад Боқиев мебошад. Ӯро хуб дар хотир дорам, котиби кумитаи ҳизб, ки буд, пайваста байни мардум мегашт. Ба наврасону ҷавонон аз корнамоиҳои тоҷикон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо эҳсосоти ватандӯстона қиссаҳо мекард. Суханонаш таъсирбахш, заминӣ, пур аз далел буданд, зеро худ иштирокдори муҳорибаҳо буду сари синаашро ордену медалҳои ҷангӣ зеб мебахшиданд.
Ҷанговари воқеӣ буд, фашистонро то лонаашон бурда, саркӯб кард ва бо ғалаба ба Тоҷикистон баргашт, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳм гирифт. Фарзандаш Абдуқаҳҳор Ойматов пас аз хатми Донишгоҳи аграрӣ муҳандиси техникаи бехатарии хоҷагӣ ва баъдан котиби комсомол интихоб гардид. Аз сабаби он ки мутахассиси санҷида буд, ӯро соли 1978 мудири шуъбаи озмоишгоҳи мошинҳои кишоварзӣ таъин карданд. Аз ҳамин озмоишгоҳ вай аввал нозири Кумитаи назорати халқи ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ва баъдан дастурдиҳандаи шуъбаи ташкилии кумитаи Ҳизби коммунисти ноҳияи мазкур интихоб шуд.
Зина ба зина таҷриба андӯхт, барои обутоби сиёсӣ гирифтан ӯро ба мактаби олии ҳизбии шаҳри Свердловск фиристоданд. Пас аз таҳсил мудири бахши кор бо ташкилотҳои ҷамъиятии кумитаи ноҳиявии Ҳизби коммунист, муовини директори маркази шуғли аҳолӣ, мудири шуъбаи кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ буд.
Соҳибистиқлолии Тоҷикистон саҳфаи нав дар таърихи кишвар кушод. Абдуқаҳҳор Ойматов низ, қатори даҳҳо нафар мутахассисони таҷрибадида Истиқлоли давлатӣ, ин навиди хушро гарм истиқбол намуд, бо боварӣ ба фардои неку дурахшон аз пайи кор шуд.
Вуҷуди чунин кадрҳо аз назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур набуд ва Абдуқаҳҳор Ойматов соли 1998 сардори идораи интихоб ва таъини ихтисоси кадрҳои Кумитаи андоз таъин гашт. Моҳҳои март-июни соли 2002 дар вазифаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо дар шаҳри Душанбе кор кард ва ҳеҷ аз гӯшаи гумонаш ҳам намегузашт, ки таъин шудан ба ин вазифа ва таҷрибаи кори семоҳа дар Дастгоҳ роҳро барои масъулияти азимтар барояш ҳамвор мекунад. Дар ин се моҳ вай танҳо як мушовир набуд, балки як шогирди мактаби роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Вай дар ин се моҳ хеле аз хислатҳои роҳбариро аз Сарвари давлат омӯхт ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Деваштич таъин гардид.
Барояш роҳбарӣ дар як ноҳияи фақир кори саҳлу осоне набуд. Даҳҳо мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ, садҳо даъвоҳои ҳалношуда гиребонгири раиси нав, вале бояд кор кард, ба ҳамаи муаммоҳо роҳи ҳал ёфтан зарур.
Замоне расид, ки таҷрибаҳои андӯхта ба кор раванд. Дар тули солҳои роҳбарӣ ба масъалаи сохтани иншооти таълимию табобатӣ ва маишӣ бештар ба тариқи ҳашар, бо ҷалби мардуми маҳалҳо таваҷҷуҳ намуд ва ҳамеша дар ин кор муваффақ мешуд, чун сокинони деҳот хеле зуд ба дарки манфиати пешниҳод мерасиданд ва медонистанд, ки ин кор ба фоидаи маҳал аст. Масалан, муассисаи таълимии маркази ноҳия, ки зиёда аз ҳазор хонанда дошт, пас аз сӯхтор ба тариқи ҳашар дар муддати сад рӯз пурра сохта ба истифода дода шуд. Истеҳсоли картошка солона ба зиёда аз сад ҳазор тонна расид.
Қариб ҳар рӯзи нуҳ соли сарварии ноҳия барояш як китоби хуби омӯзиш буд. Вай на танҳо роҳбарӣ кард, балки зиндагии мардумро омӯхт, деҳа ба деҳа қадам зад, бо ҳаёти садҳову ҳазорҳо деҳнишинон аз наздик ошно гашт. Рафтан ба саҳрову нишаст бо даравгаре ва нӯшидани як пиёла чой аз чойҷӯши саҳроӣ, даравидану бод додани ғалла ӯро бо халқ ҳамнафас мекард.
Пас аз нуҳ соли раисӣ Аълочии маориф, фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқаҳҳор Ойматов дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба нафақа баромадан дар вазифаи муовини мудири шуъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замин кор кард.
Имрӯз дар иҳотаи наберагон, ки барояш як ҷаҳон сафо меоранд, давлати пирӣ меронад.
Бобоҷон ШАФЕЪ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон
Санаи нашр: 19.05.2023 №: 105
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)