«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ»
Дар ибтидо сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» Дилафрӯз Қурбонзода меҳмонон ва иштирокдорони чорабиниро хайрамақдам гуфта, баргузории чунин ҳамоишро дар арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими робитаҳои эҷодиву маърифатӣ ва қадршиносии аҳли илму маориф амри зарурӣ донист.
Таъкид шуд, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни башар буда, рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор ва таҷдиди зиндагӣ маҳсуб меёбад. Арзишҳои маънавии Наврӯз инсонро ба некандешӣ, меҳнатдӯстӣ ва созандагӣ ҳидоят намуда, бо ғояҳои илму маърифат ва тарбияи инсон ҳамоҳанг мебошанд.
Муовини директори китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода зимни маърузаи худ дар мавзуи «Заминаҳои пайдоиши нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» ва ташаккули матбуоти миллӣ» аз таърихи пайдоиш ва аҳамияти аввалин рӯзномаи тоҷикӣ дар рушди ҳаёти фарҳангиву иҷтимоии ҷомеа ёдовар шуд.
Саъдӣ Қосимӣ дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва Ҷашни Наврӯз» суханронӣ намуда, таъкид кард, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ арзишҳои фарҳангии миллӣ, аз ҷумла, Наврӯз эҳё гардида, ба рамзи худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа табдил ёфтааст.
Дар қисмати дигари ҳамоиш Эҳсон Сафарзода, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор», муҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» С.Набиева ва омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Мавлоназаров оид ба мавзуъҳои мавриди назари ҳамоиш андешаронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш барномаи фарҳангӣ низ пешниҳод гардид, ки ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати тоза бахшид.
Дар охир як қатор кормандони соҳаи маориф, аҳли қалам, омӯзгорон ва муаллифони фаъоли маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» барои саҳми арзанда дар рушди соҳа ва ҳамкории судманд бо нашрия бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Нӯшервон ЁҒИБЕКЗОДА,
котиби масъули маҷаллаи
“Маърифати омӯзгор”
