ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. МУБОРИЗА БО ИН ЗУҲУРОТ АЗ ВАЗИФАҲОИ МЕҲВАРӢ БОҚӢ МЕМОНАД
Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари пешрафти илму техника ва густариши равобити байналмилалӣ бо як қатор таҳдиду хатарҳое рӯ ба рӯ аст, ки метавонанд оромию субот ва рушди устувори давлатҳоро халалдор созанд. Аз ҷумлаи чунин зуҳуроти харобиовар экстремизм ва терроризм ба шумор мераванд. Мутаассифона, ин саркардагони зуҳуроти номатлуб бо истифода аз таблиғоти бардурӯғ, ақидаҳои ифротӣ ва воситаҳои муосири иттилоотӣ ҳанӯз ҳам кӯшиш менамоянд, ки ба афкори мардум, махсусан ҷавонон, таъсир расонанд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди чунин зуҳурот ва пешгирии паҳншавии онҳо яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як давлат, ҷомеа ва сохтору ниҳодҳои марбута мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмини сулҳу субот, ҳифзи амният ва таҳкими волоияти қонун тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки танҳо дар фазои сулҳу субот, эҳтироми қонун ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон рушди устувори ҷомеаро таъмин намуд.
Дар солҳои охир масъалаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ба яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти судӣ табдил ёфтааст. Бо назардошти он ки гурӯҳҳои тундраву ифротӣ кӯшиш менамоянд, то бо роҳҳои гуногун афродро ба доми худ кашанд ва онҳоро ба амалҳои ғайриқонунӣ водор намоянд, мақомоти судӣ вазифадоранд, ки бо риояи қатъии қонунгузорӣ парвандаҳои марбут ба ин гуна ҷиноятҳоро баррасӣ намуда, нисбат ба гунаҳкорон қарорҳои қонунӣ ва одилона қабул намоянд.
Бояд дониста бошем, ки яке аз роҳҳои муассири мубориза бо зуҳуроти нангин, ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад, зеро ҳар қадаре сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа баланд бошад, ҳамон қадар имконияти пешгирии ифротгароӣ бештар мегардад. Ташкили суҳбату вохӯриҳо, иштирок дар чорабиниҳои маърифатӣ ва шарҳи қонунгузорӣ ба аҳолӣ метавонад ба ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намояд ва дар самти мубориза бо терроризму экстремизм натиҷабахш бошад.
Қобили зикри хос аст, ки дар ин самт нақши оила, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ хеле муҳим мебошанд. Таҷрибаи собитшуда аст, ки муҳити оилаи солим, тарбияи дуруст ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ метавонанд ҷавононро аз таъсири ақидаҳои ифротӣ эмин нигоҳ доранд. Ҷомеае, ки дорои сатҳи баланди маърифат, фарҳанг ва худшиносии миллӣ мебошад, ба осонӣ зери таъсири таблиғоти бегона қарор намегирад.
Дар умум, мо бояд фазои осудаи кишвар ва муҳити солиму рушдкунандаи Тоҷикистони азизамонро ҳифз намуда, нисбат ба таҳдиду хатарҳои ношӣ аз терроризму экстремизм муносибати ҷиддӣ зоҳир намоем. Дар ҳоле, ки ҷаҳони муосир дар гирдоби ҷанг фурӯ рафтааст, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат талош намоем, ки Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар фазои тантанавии сулҳу амнияти комил ва дастовардҳои беназир истиқбол намоем.
Комилҷон ҒАНИЗОДА, муовини якуми раиси суди шаҳри Конибодом
