ФУТБОЛ

19 март 2026, Панҷшанбе
7


Ду даври Чемпионати Тоҷикистон паси сар шуд
Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ҷараён дорад.
Дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ 12 даста ширкат мекунад: “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), “Истиқлол” (Душанбе), “Парвоз” (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), “Ҳосилот” (Фархор), “Хуҷанд” (Хуҷанд), “Вахш” (Бохтар), “Барқчӣ” (Ҳисор), “Эсхата” (Хуҷанд), КМВА (Душанбе), “Истаравшан” (Истаравшан), “Сардор” (Турсунзода), “Равшан” (Кӯлоб). Чемпионат тариқи системаи даврӣ дар ду марҳала сурат мегирад ва ҳар даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, дар даври аввал бозиҳо миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – “Равшан” (0:0), “Истиқлол” – “Сардор” (0:0) ва “Парвоз” – “Истаравшан” (2:2) мусовӣ анҷом ёфта, дар се бозии дигар “Ҳосилот” бар КМВА (3:0), “Хуҷанд” бар “Эсхата” (2:0) ва “Вахш” бар “Барқчӣ” (2:0) ғалаба карданд.
Дар даври дуюм бошад, бозиҳо миёни дастаҳои КМВА – “Хуҷанд” (0:0), “Истаравшан” – “Ҳосилот” (0:0) мусовӣ шуда, “Сардор” бар “Парвоз” бо ҳисоби 3:0, “Истиқлол” бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 пирӯз, “Равшан” аз “Барқчӣ” бо ҳисоби 2:3, "Эсхата" аз "Вахш" бо натиҷаи 1:2 мағлуб гаштанд.


ВАРЗИШИ САБУК
Дави наврӯзӣ дар шаҳри Хоруғ
15-уми март дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ, бо иштироки раиси вилоят Алишер Мирзонабот Дави наврӯзӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ наврасон, ҷавонону занон ва калонсолон иштирок доштанд. Раиси вилоят ҷамъомадагонро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, иброз дошт: "Дави наврузӣ баёнгари сарҷамъию муттаҳидӣ, саодатмандию сарфарозӣ ва нишона аз сулҳу оромии Ватани азизамон мебошад. Дар арафаи Наврӯз баргузор намудани дави дастаҷамъона басо рамзист, чунки варзиш ҷузъи таркибии Наврӯзи хуҷастапай аст".
Дав аз майдони Исмоилӣ Сомонӣ шуруъ шуда, дар назди Боғи ғалабаи шаҳри Хоруғ ҷамъбаст гардид.


ҶУДО
Мусобиқаи навбатӣ – Гранд-слами Тбилиси
Рӯзҳои Ҷашни Наврӯз 20-22-юми март – мусобиқаи навбатии Сайри ҷаҳонии ҷудо “Tbilisi Grand Slam 2026” доир мегардад.
Бино ба маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, барои ширкат дар мусобиқа 479 варзишгар аз 59 давлат номнавис шудааст. Аз ҷумла, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 7 паҳлавон миёни мардҳо намояндагӣ мекунад: Рамзиддин Азизов (-60 кг), Искандар Маҳмадхоҷазода, Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Сайфиддин Сайфиддинзода, Абубакр Шеров (-81 кг), Ардашери Ҳамза, Озарахш Ҳомидов (-90 кг).
Чун анъана, ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадр мешаванд: ҷойи аввал – 5000, ҷойи дуюм – 3000 ва ҷойи сеюм – 1500 евро.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.03.2026 №: 53