БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД
![]()
“ДРАМАТУРГИЯ ВА ТЕАТР. ДУ СОҲАИ МУҲИМЕ, КИ БА НАҚД НИЁЗ ДОРАНД”
Вазорати фарҳанг мақолаи “Драматургия ва театр ду соҳаи муҳиме, ки ба нақд ниёз доранд”-и Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” №130 (25305) аз 2-юми октябри соли 2025) ба табъ расидааст, мавриди баррасиву таҳлил қарор дод.
Андешаҳои муаллифи мақола оид ба вазъи кунунии жанри мушкилписанди адабиёт – драматургия ва нақди театрӣ – басо ҷолиб ва аз лиҳози масъалагузорӣ касбӣ буда, дар он раванди тамоюлҳои тайи 35-соли охир дар ҳаёти ҷомеа баамаломада ва таъсири он ба ҳолати ду соҳаи муҳими санъати касбӣ арзёбӣ гардидааст.
Воқеан ҳам, мақому мавқеи драматургон ва асарҳои таълифнамуда дар театри муосири тоҷик бознигарии ҷиддиро мехоҳад ва дар ин самт Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон, масъулони театрҳои касбии ҷумҳурӣ бояд чораҳои таъхирнопазирро андешанд, то адибони тоҷикро ба театр дубора баргардонда, асарҳои арзишманди дардхӯри замона офарида шаванд.
Дар ин самт Вазорати фарҳанг тадбирҳои зарурӣ андешида, тайи ду соли охир ҳаққи заҳмати муаллифони тоҷикро дучанд маротиба афзуд.
Соли 2025 бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии драманависон доир гардид ва дар он нуздаҳ адиби тоҷик асарҳои худро пешниҳод намуданд.
Бо қарори ҳайати ҳакамон се асар ба мукофотҳои олии Озмун ва се асари дигар ба мукофотҳои ҳавасмандкунӣ қадр гардиданд.
Шаш асари драмавии Озмун дар шакли китоби алоҳида таҳти унвони “Нури Истиқлол” ба табъ расида, ба ҳайатҳои эҷодии театрҳои касбӣ фиристода шуд.
Вазорати фарҳанг барои дарёфту дастгириҳои ҷавонони эҷодкор, ки ба офаридани асарҳо дар ин жанр таваҷҷуҳ доранд, пайваста чора меандешад.
Албатта, ҳамаи ин амалҳои баанҷомрасида, қатрае дар баҳранд ва зарур аст, ки аҳли ҳунару эҷоди кишвар аз як гиребон сар бурун оварда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи санъати театрӣ, аз ҷумла тарбияву ба воя расондани мунаққидони касбии театрӣ ва театршиносҳо, камари ҳиммат бубанданд.
Ҳамаи мо – аҳли фарҳанги кишвар, барои пешравии маърифату маънавиёти ҷомеа талош меварзем ва бояд ҳар як фард дар ин ришта саҳми худро гузорад.
Д. САФАРЗОДА,
муовини вазири фарҳанг
