ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ

31 март 2026, Сешанбе
6


БАДАХШОН
Тантанаҳои Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 23-24-уми март сурат гирифтанд.
23-юми март дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини котиби Шурои амнияти ҷумҳурӣ Шараф Файзуллозода чорабинии хотирмон баргузор шуд.
Дар идомаи чорабиниҳои наврӯзӣ дар ВМКБ 24-уми март Корвони наврӯзӣ ташкил гардида, сайри идонаи худро аз Ҷамоати шаҳраки Сомоншаҳри шаҳри Хоруғ то даромадгоҳи варзишгоҳи марказӣ идома дод.
Қисмати тантанавии Ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ доир гашт. Алишер Мирзонабот сокинони вилоятро шодбош намуда, иброз дошт, ки Наврӯз ҷашни ориёӣ ва байналмилалӣ буда, таҷассумгари таъриху фарҳанги ғании ниёгони мо мебошад. Баргузории Корвони наврӯзӣ ва дигар суннатҳои миллӣ, аз қабили оростани дастархони идона, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои миллию рақсу суруд нишонаи арҷгузорӣ ба анъанаҳои пурғановати ин Ҷашни фархунда мебошанд. Ин чорабиниҳо на танҳо фазои идонаро рангоранг мегардонанд, балки ба ҳифзу эҳёи мероси фарҳангӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат мекунанд.
Дар фарҷом барномаи рангини консертӣ бо иштироки беҳтарин овозхонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят манзур гардид.


ХАТЛОН
21-уми март дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, чорабиниҳои идона бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хос доир гашт.
Нахуст, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногун, ки дар майдони 70-солагии водии Вахш ороста шуда буд, дидан карданд. Дар намоишгоҳ дастранҷи ҳунармандони чирадаст, маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, намуна аз дастовардҳои корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои гуногун ба тамошо гузошта шуд. Ҳамчунин, расму оинҳои миллӣ ва суннатҳои деринаи наврӯзии мардуми гуногунмиллати минтақаи Бохтар бо шеваи ҷолиб муаррифӣ гардиданд.
Дар идома дар майдони Парчами давлатии шаҳри Бохтар барномаи фарҳангии «Корвони наврӯзӣ» баргузор шуд. Дар ин тадбири хотирмони идона беш аз 10 ҳазор нафар сокинону меҳмонон ширкат варзида, шоҳиди як барномаи рангорангу пурмуҳтаво гардиданд. Тантанаҳои наврӯзӣ дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав идома ёфт. Дар ин ҳамоиш муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода ва меҳмонон аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Усмоналӣ Усмонзода саҳми Наврӯзро дар густариши дӯстии байни миллатҳо ва таҳкими равобити фарҳангӣ баланд арзёбӣ намуд. Таъкид шуд, ки Наврӯз ҳамчун Ҷашни эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав, мардумро ба созандагӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамун месозад.
Баъдан, барномаи рангини фарҳангӣ манзур шуда, ҳунармандони шинохта ва гурӯҳҳои ҳунарии вилоят бо пешниҳоди сурудҳои дилнишини наврӯзӣ, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои театрӣ фазои идонаро боз ҳам ҷолибтар намуданд.


СУҒД
21-уми март дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" бо иштироки муовини якуми Сарвазири кишвар Ҳоким Холиқзода ва муовини якуми раиси Ҳукумати вилояти Воронежи Федератсияи Россия Данил Кустов бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор шуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти МИМҲД вилояти Суғд, Ҳоким Холиқзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилоятро бо Ҷашни Наврӯз табрик намуд. Таъкид гардид, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, зиёда аз шаш ҳазор сол пеш вобаста ба оғози кори деҳқонӣ пайдо шудаву минбаъд такмил ёфтааст. Дар ин рӯз шабу рӯз баробар гардида, табиат бедор мешавад ва гузаштагони мо онро такмили дунёи нав медонистанд.
Данил Кустов ва раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода низ ҳозиронро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфтанд.
Раҷаб Аҳмадзода, аз ҷумла таъкид сохт, ки бо талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, ба яке аз ҷашнҳои муҳими фарҳангии инсоният табдил ёфтааст. Ин раванд бозгӯйи он аст, ки фарҳангу тамаддуни тоҷикон дорои арзишҳои умумибашарӣ буда, дар таҳкими робитаҳои дӯстона миёни миллатҳо нақши муассир мебозад. Ҳамчунин, зикр гардид, ки таҷлили Наврӯз соли равон бо омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, сокинони вилоятро ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа ҳидоят менамояд.
Чорабинии идона бо барномаи рангини фарҳангӣ, намоиши расму оинҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ идома ёфт.


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
22-юми март дар наврӯзгоҳи “Баҳори Истиқлол”-и шаҳри Турсунзода бо иштироки сокинони шаҳр ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ботантана таҷлил гардид.
Ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳр ҳунарҳои мардумӣ, намудҳои таомҳои миллӣ ва дастовардҳои хаҷагии халқро ба тамошо гузоштанд.
Раиси шаҳр Парвиз Акрамзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода ва раиси ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Одилҷон Ёқубов ҳозиронро бо ҷашни пуршукӯҳ таҳният гуфтанд.
Зикр шуд, ки Наврӯз Ҷашни эҳёи табиат, зебоӣ ва зиндагии нав буда, яке аз муқаддастарин оинҳои мардумӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгони фарҳангпарвару тамаддунсози миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Ин Ҷашни бузург ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо мақоми расмӣ касб кард, балки бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ гирифт ва имрӯз дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад”.
Намоиши театрии шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода ба ҷашн шукӯҳу манзалати хосса бахшид.
Чорабиниҳои наврӯзӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар, маҳаллаву деҳот баргузор шудаву мешаванд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.03.2026 №: 56-57