ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 19 марти соли 2026, №125, ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2025, №476
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2025, №476 “Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат ҷиҳати истифодаи захираҳои табиӣ ё захираҳои дигари мавҷуда” замимаи 24 илова карда шавад (замима мегардад).
2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба талаботи қарори мазкур чораҷӯйӣ намояд.
3. Қарори мазкур пас аз 1 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
