ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

02 апрел 2026, Панҷшанбе
6


ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ
БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, САНОАТӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
31-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.
Сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боздид аз боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар масоҳати 600 гектар, шинондани ниҳолҳои дарахтҳои мевадиҳанда, ифтитоҳи хатти оби полизӣ ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардид.
Дар намоишгоҳи муваққатии маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Роҳбари давлат аз навъҳои тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, анвои гуногуни меваҳои тару хушк, зардолу, маҳсулоти консервашуда, полизӣ ва ғалладонагию лӯбиёиҳо, ки дар кишти тирамоҳӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан намуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки соли равон кишоварзони шаҳри Исфара бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 3 ҳазору 710 гектар расондаанд. Меҳнати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овардааст, ки дар шаҳри Исфара афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин шавад.
Мувофиқи маълумот, маҷмуи маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара ба ҳолати 1-уми марти соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 74 ҳазор тонна баробар гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 300 тонна беш аст. Намоишгоҳ, ки хеле ҷолибу диданӣ буд, баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғании сокинони заҳматқарини шаҳри Исфара дар самти истифодаи оқилонаи замин аст. Маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои шаҳри Исфара, аз ҷумла зардӯзӣ, кандакорӣ ва анвои гуногуни нон, ки ба таври густурда пешниҳод гардида буд, бозгӯи заҳмати аҳлона аст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва кишоварзони шаҳри Исфара барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, захираи маҳсулот барои давраи тирамоҳу зимистон, зиёд намудани масоҳати боғу токзор бо истифода аз тухмиҳои серҳосили минтақа дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти боғи интенсивӣ ва суперинтенсивии “Истиқлол”, ки бо саҳми соҳибкорони ватанӣ Абуризо Абдулаҳатов ва Сорбон Савриддинов дар масоҳати 600 гектар замини бекорхобида бунёд гардидааст, шинос шуда, ба ифтитоҳи хатти оби полизӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Бунёди боғҳои интенсивӣ дар шароити кунунӣ баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои хуштаъму лазизи ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар самти боло бурдани иқтидори содиротии кишвар низ нақши муассир мегузорад. Тибқи тавсияи мутахассисон, дар 40 гектар 12 ҳазору 500 бех ниҳоли зардолу ва дар 25 гектар 13 ҳазор бех ниҳоли шафтолуи аълосифат шинонда шудааст. Ҷойи зикри хос аст, ки обдиҳии боғҳои нав бо усули қатрагӣ ба роҳ монда мешавад.
Тавре иттилоъ доданд, то имрӯз дар масоҳати зиёда аз 65 гектар кашидани лӯлаҳои обмонии қатрагӣ анҷом ёфтааст. Дар маҷмуъ, ниҳолҳои боғи навбунёд дар марҳалаи аввал дар масоҳати 65 гектар беш аз 30 ҳазор бехро ташкил хоҳад дод.
Боғдорон дар асоси маслиҳати мутахассисон бо истифода аз имконоту иқтидори мавҷуда талош бар он мекунанд, ки баробари ба гардиш даровардани заминҳои нав дар расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, саҳми арзишманд гузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкоронро дар ин самт намунаи ибрат гуфта, ҷиҳати бештар баҳрабардорӣ аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати мамлакат ба онҳо тавсияҳои судманд доданд. Иттилоъ доданд, ки таъсиси чунин боғи интенсивӣ, дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ташкил гардида, дар оянда бо ин роҳ масоҳати чунин боғҳо боз ҳам афзоиш дода мешавад.
Кишоварзони шаҳри Исфара баробари боғдорӣ дар кишту парвариши зироатҳои гуногун низ таҷрибаи ғанӣ дошта, заминҳои худро пурсамару мақсаднок истифода мебаранд. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту ғалладонагиҳо ва меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза дар шаҳри Исфара, ба таҷрибаи заҳматкашон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии онҳо дар самти истифодаи оқилонаю пурсамари замин марбут буда, хоҷагидорон барои истифода аз имкону иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамаҷониба талош меварзанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2025 дар шаҳри Исфара беш аз 100 гектар боғу токзори куҳна барқарор шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хатти об аз дарёи Исфара аз мавзеи заминҳои деҳоти Баланд дар масофаи 2 ҳазору 300 метр аз ҷониби соҳибкорон кашида шуда, бо гунҷоиши 22 ҳазору 500 метри мукааб обанбор низ бунёд ёфт.
Масъулон ният доранд, дар оянда 5 ҳавзи моҳипарварӣ ҳам бисозанд. Барои таъмини қувваи барқ ба дастгоҳҳои обкашӣ ба масофаи ду километр хатти барқ кашида, 2 трансформатори 400 ва 600 киловатта насб гардидааст.
Зимни суҳбати самимӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боғи интенсивӣ ва ҳавзи обтаъминкунӣ, ки заҳмат ва харҷи зиёдро талаб менамояд, ба соҳибкорон баҳои баланд дода, ин амали онҳоро намунаи таҳсин хонданд.
Дар заминаи дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боғдорон нақша доранд, ки ояндаи наздик дар ҳудуди боғ як сардхонаи наву замонавӣ бо ғунҷоиши 10 ҳазор тонна ва корхонаи коркарди мева таъсис дода, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор саҳм гузоранд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи фосилавӣ ба фаъолияти боғи “Амирхон”, ки дар масоҳати 87 гектар бо саҳми соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Амирзода аз ҳисоби заминҳои бекорхобида дар мавзеи Моҳпарӣ бунёд ёфт, оғоз бахшида, бо лоиҳаи азхудкунии 1400 гектар замини бекорхобида барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бо иншооти гидротехникӣ, сардхона барои 1000 тонна, коргоҳи бандубасти мева, парвариши 2000 сар чорвои хурд ва 400 сар чорвои калон бо таъсиси 150 ҷойи кор дар мавзеи Сомониён ва дар масоҳати 70 гектар дар деҳаи Лаккон ҷудогардида, барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ ба таври фосилавӣ шинос гардиданд ва ба масъулон барои самараи бештару беҳтар додани ин иқдом дастуру тавсияҳо ироа намуданд.


МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ АЗХУДКУНИИ 1400 ГЕКТАР ЗАМИНИ БЕКОРХОБИДА
31-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи азхудкунии 1400 гектар замини бекорхобида барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бо иншооти гидротехникӣ, пойгоҳи обкашӣ, сардхона барои 1000 тонна, коргоҳи бастубанди мева, парвариши 200 сар чорвои хурд ва 400 сар чорвои калон бо таъсиси 150 ҷойи корӣ дар мавзеи Сомониён ба таври фосилавӣ шинос гардиданд.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивӣ дар масоҳати 1400 гектар аз ҳисоби заминҳои захираи чарогоҳи давлатӣ ҷудогардида, барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ, бунёд шуда, аз он дар масоҳати 1350 гектар боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ва 50 гектар барои чарондани чорвои шохдор дар назар аст.
Таъкид гардид, ки аз заминҳои ҷудогардида дар майдони 1200 гектар боғҳои зардолу бо усули обмонии қатрагӣ ва дар масоҳати 2 гектар гармхонаи замонавӣ бунёд мешавад. Иттилоъ доданд, ки дар қитъаи замин сохтмони сардхона бо гунҷоиши 1000 тонна, 10 ҳавзи нигоҳдорӣ бо гунҷоиши 1000 метри мукааб обанбор ва фермаи парвариши 2000 сар чорвои хурд ва 400 сар чорвои калон бо таъсиси 150 ҷойи кор бунёд меёбад, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат нақши арзишманд мегузорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони шаҳри Исфара ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин ва истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва содироти он ба хориҷи кишвар, инчунин, ҷалби коргарони маҳаллӣ дар раванди корҳо супоришҳои мушаххас доданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи фосилавӣ ба фаъолияти боғи “Амирхон”, ки дар масоҳати 87 гектар бо саҳми соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Амирзода аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, ки дар мавзеи Моҳпарӣ бунёд гардидааст, оғоз бахшиданд.
Боғи нави маҳаллӣ, ки дар марҳалаи аввал дар масоҳати 44 гектари он 300 ҳазор бех ниҳолҳои зардолуи навъҳои «абрикос», «шишахурмоӣ» ва «бобоӣ» шинонда шудааст, дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва содироти он ба хориҷи кишвар, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат менамояд.
Исфара дар истеҳсоли зардолу на танҳо дар мамлакат, балки минтақа шуҳрати зиёд дошта, боғдорон ҳамасола майдони ин навъи меваи болаззату содиротиро бештар менамоянд ва дар ин самт ба дастовардҳои зиёд ноил мегарданд.
Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин масъулон ният доранд дар марҳалаи дуюм дар масоҳати 43 гектар бо истифода аз навъҳои хушсифати шафтолу ва зардолу майдони боғро васеъ гардонанд. Дар ин ҷо 40 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегардад.
Боғдорони шаҳри Исфара ҳамасола дар асоси маслиҳати мутахассисон бо истифода аз имконоту иқтидори мавҷуда талош бар он мекунанд, ки баробари ба гардиш даровардани заминҳои нав дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии давлату Ҳукумат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, саҳми шоиста гузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои самараи бештару беҳтар овардани ин иқдом дастуру тавсияҳои муфид доданд.


БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОНИ АНГИШТИ №8
31-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки лоиҳаи барқарорсозии кони №8-и Шӯроб бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд амалӣ гардида, дар доираи он хатҳои истеҳсолӣ ва иншооти муҳими соҳавӣ таҷдиду навсозӣ шудаанд. Ҳоло дар татбиқи лоиҳа зиёда аз 700 кас фаъолият дошта, тибқи нақша, шумораи кормандон, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ, марҳала ба марҳала зиёд карда мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар оянда, бо амалигардии лоиҳа, ҳаҷми истихроҷи ангишт тадриҷан афзоиш ёфта, соли 2026 то 200 ҳазор тонна, соли 2027 то 700 ҳазор тонна ва соли 2028 ба зиёда аз 1 миллион тонна дар як сол хоҳад расид. Ҳоло дар корхона 700 кас фаъолият намуда, оянда шумораи ҷойҳои кор ба 1500 мерасад. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа инфрасохтори муҳими истеҳсолӣ, аз ҷумла ҳавзҳои оби нӯшокӣ, шабакаи обрасонӣ, биноҳои маишиву хизматрасонӣ ва зеристгоҳи барқӣ бунёд гардида, барои фаъолияти самараноки корхона ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Бинои хобгоҳ барои 700 коргар ва инчунин бинои маъмурии хизматрасонӣ бо ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз мутобиқ ба талабот бунёд гардид. Дар бинои асосӣ маҷлисгоҳ барои баргузории ҷаласаҳо муҳайё буда, дар саҳни он майдончаи варзишӣ ҳам сохта шуд. Ҳамзамон, бо мақсади зебо гардондани муҳити атроф дар саҳни бино дарахтони сояафкан ва гулҳои ороишӣ парвариш мешаванд.
Ҳоло фаъолияти кони ангишти №8 ба таъмини талаботи бозори дохилӣ бо ангишти ватанӣ ва рушди саноати кӯҳӣ равона гардида, ба истифода додани он дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар ба афзоиши истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави кор ва таҳкими иқтидори энергетикии кишвар мусоидат менамояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки фаъолияти корхонаро боз ҳам тақвият бахшида, барои рушди минбаъдаи соҳа ва беҳтарсозии вазъи зиндагии аҳолӣ саҳми назаррас гузоранд.


ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТ ДАР КОНИ АНГИШТ
31-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ба истифода додани кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт» дар ҳамин ҷо ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст, гулгашти Парчами давлатӣ дар деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо сутунпояи баландиаш 53 метр ифтитоҳ ёфт. Се муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 360 кӯдак дар деҳоти Ворух ва Хоҷаи Аъло ба фаъолият оғоз намуданд, ки ин иқдом дар самти фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва тарбияи насли наврас аҳамияти беандоза дорад. Дар идомаи тадбирҳо зеристгоҳи барқии «Исфара – 1» дар доираи лоиҳаи «CASA – 1000» мавриди истифода қарор гирифт, ки он дар таҳкими амнияти энергетикӣ ва таъмини устувори неруи барқ барои аҳолӣ ва бахшҳои истеҳсолӣ нақши муҳим хоҳад дошт. Ҳамчунин, дар деҳоти Чоркӯҳ коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии тиббӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки 40 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯсти Исфара пешниҳод намуданд, ки бо ҳисси баланди масъулият тадбирҳои ободониро вусъат бахшида, барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд ва Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.

Санаи нашр: 01.04.2026 №: 60