ҒАЗАНТАРАК. ВАҚТЕ ДИЛИ МАРДУМ ТАБЛИ ШОДӢ МЕЗАНАД...

02 апрел 2026, Панҷшанбе
19

Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич аз ҳашт деҳа иборат буда, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ободу сабзу хуррам гашт. Давоми солҳои истиқлолият нуфуси аҳолӣ аз 23 000 нафар гузашта, симои деҳот аз ҳисоби бунёди манзилҳои замонавии бо тарҳи тозаву омезиши авруосиёии худи аҳолию иншооти таъиноташон гуногуни иҷтимоии аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёдшуда, куллан тағйир ёфта, басо сарсабзу дилработар ба чашм мерасад.

– Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ имрӯз ҳама гӯшаву канори диёр рӯ ба ободиву созандагӣ овардааст. Танҳо дар панҷ соли охир дастовардҳое, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони деҳот ба даст овардаанд, назир надоранд, – иброз дошт Таҳмина Тӯйчизода, раиси Ҷамоати деҳоти Ғазантарак, дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори рӯзнома.

Ӯ афзуд, ки 14-уми ноябри соли 2022 Сарвари давлат аз деҳоти мо дидан намуда, мардумро ба ободкорӣ ҳидоят карданд. Сокинон дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, бо масъулияти баланд барои ободонию созандагии диёр талош меварзанд, ин ё он гӯшаи Меҳанро бо бунёди иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ, таъмири роҳҳои мошингарду истгоҳҳои замонавӣ зебо месозанд. Воқеан ҳам, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ дар деҳоти мазкур таваҷҷуҳи ҳар касро ба худ ҷалб мекунад.

Барои истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 77 иншооти иҷтимоиву иқтисодии ҳаётан муҳим дар нақша буд. Аллакай, то моҳи декабри соли 2025 иншооти ҷашнӣ пурра ба истифода супурда шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Танҳо соли 2025-ум 12 километр роҳи дохилии деҳот асфалтпӯш гардид, ки рафтуомади шаҳрвандонро осон кард. Ин иқдом идома дошта, дар маҳалҳо ҳамворкуниву шағалпӯш намудани роҳҳо анҷом дода мешаванд ва бо фарорасии фасли баҳор боз асфалтпӯш кардани роҳҳо оғоз меёбад.

Таҳмина Тӯйчизода иброз дошт, ки соҳибкорони маҳаллӣ дар баробари корҳои созандагию бунёдкорӣ ба масъалаи дастгирии ниёзмандон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд. Соли гузашта, дар арафаи идҳои Рамазону Қурбон, шахсони саховатпеша ба 57 оилаи ниёзманд, аз ҷумла оилаҳои маъюб ва бесарпаноҳ, ёрии молию моддӣ расонданд. Ҳамзамон, соли равон бахшида ба Соли нави мелодӣ ва Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оилаҳои ниёзманд аёдат шуда, барои афсарону сарбозони қисми ҳарбии 0214, ки дар ҳудуди деҳоти Ғазантарак ҷойгир мебошад, аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ ду маротиба хони идона бо таомҳои миллӣ ороста шуд.

Дар деҳоти мазкур шуғлҳои қадимии ниёгонамон, хусусан дуредгарӣ, оҳангарӣ, кӯрпачадӯзӣ, тоқидӯзӣ, рушд кардааст. Ҳунарҳои дигар, аз қабили сабадбофию косибӣ, гаҳворасозӣ, алочабофӣ ва даҳҳои дигар, ки бо мурури пешравии замон аз байн рафта буданд, дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳала ба марҳала эҳё мешаванд.

Дар баробари дигар соҳаҳо, ба соҳаи маориф низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Табиист, ки сол ба сол бо зиёд шудани аҳолӣ талабот ба ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ низ меафзояд. Сокинони боиродаву меҳанпараст ва соҳибкорон азм карданд, ки бояд чунин мушкилӣ дар муассисаҳои деҳот пурра бартараф гардида, шароит барои таҳсили фарзандонашон дар сатҳи лозимӣ фароҳам бошад. Дар деҳот 8 мактаб ва 2 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад. Таваҷҷуҳи давлат ба соҳаи маориф имкон медиҳад, ки наврасон имрӯз бо саводи хуб ва ҷаҳонбинии фарох ба камол расанд. Натиҷаи чунин дастгириҳост, ки хонандаҳои деҳот дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ дастовардҳои шоиста ба даст меоранд. Аз ҷумла, чанде пеш Райҳона Азимова, хонандаи синфи 4-и МТМУ рақами 51-и деҳаи Ғазантарак дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик» ҷойи дуюмро гирифт.

– Ҳамин тавр, дастовардҳои сокинони деҳоти Ғазантарак хеле зиёданд. Илова бар ин, ба нақша гирифтаем, ки то Ҷашни арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳот боз 15 иншооти самташон гуногунро таъмир карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем ва сатҳи зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар намоем. Ин аст, самараи соҳибистиқлолии кишвар, – илова кард дар анҷоми суҳбат Таҳмина Тӯйчизода.


Кароматулло АТО,

«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 01.04.2026 №: 60