ШОМИ ШАНБЕ
СЕРАДАДТАРИН НАШРИЯИ ОЛАМ
Дар таърихи журналистикаи ҷаҳонӣ чопи даврони шуравии ҳафтаномаи «Аргументы и факты» серададтарин газетаи олам ба ҳисоб мерафт. Аз ҷумла, соли 1990-ум теъдоди нашри он ба 33,4 миллион нусха расида, бо ин нишондод вориди «Китоби рекордҳои Гиннесс» мешавад.
Айни замон бошад, теъдоди нашрия беш аз 1,5 миллион нусхаро ташкил дода, дар зиёда аз 60 кишвари олам паҳн мегардад.
Таҳияи Ш. ШОКИР
11 МИЛЛИОН ТАМОШОБИН АЗ ЯК ОСОРХОНА
Лувр яке аз осорхонаҳои маъруфи ҷаҳон мебошад. Танҳо аз «Кохи шоҳон»-и он ҳамасола 11 миллион нафар дидан мекунад.
Барои тамошои Лувр, ки аз зеботарин мавзеъҳои Фаронса ба ҳисоб меравад, чанд ҳафта лозим аст. Лувр аҳамияти бузурги фарҳангӣ дошта, дар деворҳои он эҷодиёти ходимони машҳури санъат, чун Леонардо да Винчи, Веренезе, Антуан Ватто ва дигарон овехта шудаанд. Ҳар сайёҳе, ки ба Париж меояд, бояд ҳатман хоҳиши худро дар бораи «боздиди Лувр» пешакӣ дар коғаз тасдиқ кунад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ЧАНД ФАКТ ДАР БОРАИ ГУЛҲО
* Гули калонтарини қутраш 90 сантиметру вазнаш 11 килограмм дар Индонезия месабзад.
* Гули қиматтарини дунё орхидеяи тиллоии Малайзия (аз 6000 то 60 000 доллари ИМА) дар 15-сол як маротиба гул мекунад.
* Ҳар як иёлати ИМА навъи алоҳидаи гули рамзии худро дорад.
* Парвариши гулҳоро инсоният 4 ҳазор сол қабл оғоз намуда буд.
Таҳияи Кароматулло АТО
ЗЕБО НЕСТ, ВАЛЕ ХИСЛАТҲОИ НОДИР ДОРАД
Чаро Крис Хемсворт, ҳунарманди машҳури австралиягӣ, бо зане издивоҷ кардааст, ки ба назари баъзеҳо, ба меъёрҳои маъмулии зебоӣ ва шуҳрати “Ҳолливуд” чандон мувофиқат намекунад? Ин саволро бисёриҳо мепурсанд. Худи ӯ мегӯяд, ки Элса Патаки дорои се хислати нодир аст, ки барои ӯ аз ҳама муҳиманд.
Аввал, ӯ ба шуҳрат аҳамияти зиёд намедиҳад, оромиро интихоб мекунад. Барои бархе ин хоксории ғайримуқаррарӣ менамояд, аммо барои баъзеи дигар роҳи ҳифзи оромӣ ва дурӣ аз васвасаҳои зиндагии шоу-бизнес аст.
Дуюм, Элса шахсияти қавӣ аст. Сеюм, ӯ хеле содиқ ва вафодор аст. Элса замоне Крисро интихоб намуд, ки ӯ ҳанӯз машҳур набуд. Ҳамеша ӯро дастгирӣ мекард ва дар ҳама марҳалаҳои зиндагӣ паҳлуяш монд. Муносибати ӯ нишон медиҳад, ки барои вай Крис аз ҳама муҳимтар аст.
Дар ниҳоят, масъала шояд дар намуди зоҳирӣ ё мақом нест. Шояд муҳимтар аз ҳама доштани шарике аст, ки дар ҳама ҳолатҳо бо ту мемонад ва туро самимона дастгирӣ мекунад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ШЕРЛИЗ ТЕРОН
Шерлиз Теронро аксарият аз рӯи нақши Эйлин Уорнос дар филми «Монстр» (2003) беҳтару хубтар шинохтанд. Ҳарчанд то ин муддат ҳамчун ҳунарманди кинову телевизион як қатор корҳои чашмрасе низ анҷом дода буд. Воқеан, маҳз барои ҳамин нақшаш Шерлиз сазовори олитарин Ҷоизаи синамо– «Оскар» шудааст. Дар нақши Эйлин Уорнос ӯ зани қотилеро мебозад, ки, аслан, ба табиаташ монандӣ надорад. Бо вуҷуди ин, ҳатто, мунаққидон одилона будани «Оскар»-ро ба ин ҳунарманд эътироф намуданд.
Аммо кам касоне огоҳанд, ки Шерлиз саҳнаҳои кушторро дар зиндагии воқеияш низ шоҳид шудаву пардаи тарсро кайҳо дарондааст. Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки ӯ наврасии хушу хуррамро танҳо дар орзуҳояш дидаасту халос. Аз вақте ки худашро шинохт, волидайнро дар ҷангу қасди куштани якдигар дарёфт. Кор то ҳадде расид, ки падари бадмасташ дар даст яроқ ба хонаи хоби ӯву модараш зада даромаданӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол модари ӯ аз тарси он ки, шавҳараш қасдан Шерлизро ҳадафи тир қарор медиҳад, пешдастӣ карда, сӯйи ӯ тир холӣ мекунад. Падари бегонагашта аз ақл дар пеши пойи Шерлизи наврас афтида ҷон медиҳад.
Ба гуфтаи худи ҳунарманд, ҳангоми иҷрои нақши қотил пеши рӯ овардани ана ҳамин лаҳзаи воқеӣ аз ҳаёти хонаводагӣ ба ӯ кумак намудааст, то муваффақ шавад.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
ҲИКМАТИ ЯК АМАЛИ ИНСОНӢ
Боре марде шоҳиди он шуд, ки бар асари туфони шадид галаи ситораҳои баҳрӣ дар соҳил зери Офтоби гарм дами марг буданд. Дар ҳамин ҳол дид, ки писарбачае ин ҷонварони дар балоафтодаро гирифта, ба баҳр меандохт.
Мард назди писарбача омада гуфт:
– Ин кори ту суде надорад, зеро ҳамаи онҳоро наҷот додан ғайриимкон аст.
Писарбача бо табассум посух дод:
– Бале, шумо дуруст мегӯед, вале агар якто аз ситораҳои баҳрӣ зинда монд, худро хушбахт ҳис мекунам.
ҲИКМАТ: Ин ҳикоя ба мо меомӯзад, ки ҳар як амали хурди мо метавонад барои касе нафъи бузург расонад. Агар ҳар кас ба як нафар кумак кунад, дар умум ҷаҳон беҳтар мешавад.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ
РАССОМИ 1-СОЛА
Эйс-Лиам Нана, писарбачаи яксолаи африқоӣ, ҳамчун рассоми ҷавонтарин ба "Китоби рекордҳои Гиннесс" ворид гардидааст.
Тавре модари Эйс-Лиам мегӯяд, барои машғул сохтани ҷигарбанди худ аз шашмоҳагӣ дар наздаш мӯқаламу коғаз мегузоштааст. Эйс-Лиам 11-моҳа буд, ки модар ба дуруст будани роҳи интихобкардааш бовар ҳосил намудааст.
Охири соли гузашта писарак дар намоишгоҳе ширкат варзид, ки дар он расмҳои кашидааш дар қатори дигар рассомони касбӣ ба фурӯш гузошта шуд.
То 1-солагӣ 11 лавҳаи писарак фурӯхта шудааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
«КАКАЯ РАЗНИЦА»
Донишҷӯйи шарқшинос вақте аз дари хонаашон медарояд, ки қорӣ-домуллои деҳа модари беморашро дегдон фаровардаасту даст ба дуо фотиҳа дорад:
– Биби раҳмат-ако ба ҳама офарин…
– Мебахшед шумо нодуруст хондед, – худашро дошта натавониста шак меорад донишҷӯ.
– Куҷояшро хато хондам, балам?
– Намедонам, ман фақат ҳарфи охиратонро шунидам, ки тамоман хато, ҳатто хандаовар буд.
– Чӣ хел хандаовар? Куҷояш хато буд?
– Охир шумо гуфтед, ки «биби раҳмат-ако ба ҳама офарин».
– Хайр дурусташ чӣ хел мешудааст?
– Дурусташ, «би раҳматика ё арҳамар-роҳимин».
– Акнун гӯед, ки ҳамин модари муштипари бемори шумо оё каме ғалат будани талаффузи маро мефаҳмад?
– Ман мефаҳмам домулло.
– И «какая разница?», бемор шумо не-ку балам…
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА
НАҚШИ РИШТА
Муллобачаеро падараш бо умед назди устои мӯзадӯз шогирд монд, то касб омӯхта, қути лоямуташро худаш пайдо кунад.
Баъди се сол чун ба аёдати устод омад, аввал аз фарзандаш пурсид:
– Хуб ҳазрат, дар бораи шогирд чӣ мегӯед? Дар ин муддат оқилтар шудааст ё не?
– Албатта, домулло, писари шумо дар ин се сол, аллакай, чи нақш доштани риштаро аз худ карда, ҳатто медонад, ки онро аз сӯрохи сӯзан бояд гузаронд. Акнун танҳо ҳаминаш мондааст, ки вазифаи сӯзанро низ аз бар намояд...
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
ҚАРОРҲОИ ҲАРРӮЗАИ МО ТО ЧӢ АНДОЗА МУҲИМАНД
Муҳандисе, ки тамоми умр бино сохта буд, қарор кард, ки ба нафақа барояд. "Ман аз кор меравам, – гуфт ӯ ба корфармо. – Бо ҳамсарам набераҳоро тарбия мекунем".
Соҳибкор аз рафтани ин мард ғамгин шуд, бинобар ин, пешниҳод кард: "Мо шуморо ба як шарт гусел мекунем, ки боз як бинои дигар созед!".
Муҳандис розӣ шуд. Тибқи лоиҳа, ӯ бояд барои як оилаи хурд хона месохт. Мард шитоб дошт, зеро, аллакай, худро дар нафақа медид. Баъзе чизҳоро нотамом гузошт, масолеҳи арзон харид... Вақте сохтмон ба анҷом расид, ба корфармо занг зад. Корфармо ба хона нигоҳ карда, гуфт: "Медонед, ин хона барои хизматҳои тулонӣ туҳфаи мо ба шумост.! Марҳамат, калидҳоро гирифта, ба хона дароед. Ҳама ҳуҷҷатҳо омодааст".
Танҳо ӯ медонист, ки муҳандис чи эҳсос дорад. Аз шарм сурх шуда буд, дар ҳоле ки ҳама дар атрофаш каф мезаданд, ӯро бо хонаи нав табрик гуфта, фикр мекарданд, ки ӯ аз ҳаяҷон сурх мешавад.
Муҳандис дарк кард, ки ҳамаи хатоҳо ва камбудиҳояш акнун ба мушкилоти ӯ табдил меёбанд, зеро акнун бояд дар хонае зиндагӣ намояд, ки хеле бад сохтааст...
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
ҲУШИ МАСНУӢ
МАВҚЕИ ИНСОНРО ТАНГ МЕКУНАД?
Тилли Норвуд, шахси тахайюлие, ки онро ҳуши маснуии ширкати Xicoia, мутааллиқ ба ширкати продюсерии Particle6, сохтааст, 27-уми сентябри соли 2025 дар кинофестивали Сюрих (Швейтсария) муаррифӣ шуд.
Бояд тазаккур дод, ки то муаррифӣ Тилли Норвуд дар филми кӯтоҳметражаи мазҳакавии AI Commissioner нақш офарид. Ба ин хотир, таҳияи Норвуд аз ҷониби бонуҳои ҳунарманди Ҳолливуд ва SAG-AFTRA (иттифоқи касабае, ки манфиатҳои ҳунармандони синамо, барандагони телевизион ва радиоро ҳимоя менамояд) мавриди танқиди шадид қарор гирифт. Дар посух Элине ван дер Велден, муассиси ширкати ихтироъкор гуфт, ки Норвуд на баҳри иваз намудани инсон сохта шудааст, балки он эъҷози ҳунар аст.
Таҳияи Ш. АБДУЛЛО
ҚАСРИ БУКИНГЕМ
Гароннархтарин бинои олам
Тибқи иттилои сомонаҳои интернетӣ, алҳол Қасри Букингеми Лондон, ки ба оилаи шоҳи Британияи Кабир тааллуқ дорад, гароннархтарин бинои олам ба ҳисоб меравад. Чуноне гуфта мешавад, айни замон арзиши он $6,7 миллиардро ташкил медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки Қасри Букингем соли 1703 бунёд ёфта, барои сохтмони он 700 000 фунт стерлинг сарф шудааст.
Таҳияи Нӯшофарин АБДУЛЛОЗОДА
ОКСАНА
Асрори воридшавӣ ба "Китоби рекордҳои Гиннесс"
Оксана Чусовитина, чемпиони секаратаи ҷаҳон оид ба гимнастикаи варзишӣ (Ӯзбекистон), дар таърихи гимнастика ягона варзишгарест, ки дар 8 олимпиада (1992 – 2024) ширкат варзида, бо ин нишондод вориди "Китоби рекордҳои Гиннесс" гардидааст.
Бояд гуфт, ки Оксана Чусовитина тули фаъолияти пурсамари варзишӣ, дар баробари чемпиони ҷаҳон шудан, боз чемпиони олимпӣ (дар ҳайати даставӣ), чемпиони Аврупо ва чемпиони Бозиҳои Осиё гардидааст.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМ
ПУЛИ СЕРДАРОМАДТАРИНИ ҶАҲОН
Соҳилҳои Манҳеттен ва Ню-Ҷерсиро пули аҷибу зебое бо номи «Ҷорҷ Вашингтон» бо ҳам мепайвандад, ки яке аз пулҳои сердаромадтарини ҷаҳон эътироф шудааст.
Пул дорои 14 хатти ҳаракат ва гузаргоҳҳои васеъ буда, бо тарҳи наву замонавӣ сохта шудааст. Тавассути ин пул давоми як шабонарӯз 290000 воситаи нақлиёт равуо менамояд. Он аз рӯйи ҳисобҳо бо дарназардошти нақлиёти сабук дар як дақиқа 1050 доллари ИМА даромад дошта, дар як соат 63000, дар як моҳ 45360000 ва дар як сол 551880000 доллар ба буҷети давлат даромад меорад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
ШИНОХТИ ДӮСТИ ҲАҚИҚӢ
Марде гов кушт ва таом омода кард. Духтарашро гуфт:
– Бирав, мардумро даъват бикун, ки ба хонаи мо барои зиёфат ташриф оранд. Лекин, чунин бигӯ: «Илтимос, барои хомӯш кардани сӯхтори хонаи падарам ёрӣ кунед!».
Пас аз муддате як гурӯҳи хурди одамон пайдо шуданд, дар ҳоле ки дигарон гӯё дархости кумакро нашунидаанд, наомаданд.
Соҳибхона то нисфи шаб бо мардуми ҷамъшуда ҷашн ороста, ба онҳо зиёфат дод. Падар пас аз гусели одамон ҳайрон ба духтараш рӯй оварда, гуфт:
– Одамоне, ки омада буданд, қариб намешиносам, баъзеи онҳоро ман ҳатто қаблан надида будам. Пас, хешу табор, дӯстон ва ҳамсояҳои мо куҷоянд?
Духтараш ҷавоб дод:
– Онҳое, ки аз хонаҳояшон баромаданд, барои хомӯш кардани сӯхтор ба хонаи мо омаданд, на барои ҷашн.
ХУЛОСА: онҳое, ки дар лаҳзаҳои мушкилӣ ба шумо ёрӣ намекунанд, набояд дар вақти пирӯзии шумо дар паҳлуятон бошанд. Яъне, дӯсти ҳақиқиро дар вақти тангдастию мушкилӣ метавон шинохт.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
АНЪАНАИ АРУСИ ҶИДДӢ
Анъанаи аруси ҷиддӣ дар Калабари (Нигерия) чунин аст, ки ӯ дар рӯзи тӯй намехандад ва ҳатто табассум намекунад, балки чеҳраашро ҷиддӣ нигоҳ медорад, то вақте ки меҳмонон омада, ба ӯ пул диҳанд. Арус танҳо вақте табассум мекунад, ки аз маблағи ҷамъшуда қонеъ шавад.
Моҳияти ин анъана аз он иборат аст, ки арус дар ин бозии рамзӣ арзишманд будани худро фаҳмонад.
Меҳмонон кӯшиш мекунанд, арусро бихандонанд ва ба ӯ пул медиҳанд. Бовар доранд, агар арус бихандад, пас ӯ аз таваҷҷуҳ ва саховатмандии меҳмонон розӣ шудааст ва ҷашн танҳо баъди ин тантана мегирад.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА
ДАР КОРЕЯ ОБИ БОРОН БЕҲУДА ТАЛАФ НАМЕШАВАД
Олимони Ҷумҳурии Корея дар баъзе аз шаҳрҳо системаеро сохтаанд, ки зери асфалт кор мекунад. Дар зери роҳҳои кӯчаҳо зарфҳои азиме гузошта шудаанд, ки аз чашм пинҳонанд ва ҳар қатраи оби борон дар онҳо захира мегардаду дар мавриди аз лиҳози стратегӣ зарур онро истифода мебаранд, то микроклимати шаҳрро комилан тағйир диҳанд.
Оби захирашуда ҷиҳати сарднамоии табиии шаҳр низ муфид аст. Дар рӯзҳои гармии шадид, обро мутобиқи система ба қабати роҳ мепошанд ва ҳангоми бухоршавӣ он гармии ҷамъшударо ба худ мегирад ва ҳарорати ҳаворо паст мекунад.
Илова бар ин, ин захираҳо барои обёрии боғҳо ва шустани кӯчаҳо истифода мегарданд. Система, ҳамзамон, обхезиро пешгирӣ мекунад, оби зиёдатии боронро нигоҳ медорад ва кумак мекунад, ки сокинони шаҳрҳо бо истифода аз захираҳои табиӣ озодтар нафас гиранд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
АСРОРИ ҶАВОНИИ МАРДИ ШАСТСОЛА
Дар олами муосир, ки аксар барои нигоҳ доштани ҷавонӣ ба ҷарроҳии пластикӣ ва воситаҳои муосир рӯ меоранд, қиссаи ин марди сингапурӣ боварнокарданист.
Сухан дар бораи Чуандо Тан меравад, ки ба наздикӣ 60-солагиашро ҷашн гирифт, вале хеле ҷавон менамояд. Сарфи назар аз шубҳаву гумонҳои зиёд, санаи таваллуди ӯ, ки ба соли 1966 рост меояд, борҳо тасдиқ шудаву ҳеҷ гуна изи ҷарроҳии пластикӣ дар чеҳрааш дида намешавад.
Асрори ҷавонии бардавоми худро ӯ дар истеъмоли ғизои солим, машқҳои мунтазами варзишӣ ва нигоҳи нек ба зиндагӣ гуфтааст.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ХОБ
Бори аввал Рӯзи ҷаҳонии хоб (англ. World Sleep Day) 14-уми марти соли 2008 бо ташаббуси Кумитаи байналмилалии Рӯзи хоб ва Ассотсиатсияи байналмилалии тибби хоб таҷлил шуд. Аз ҳамон вақт ҳар сол, дар рӯзи ҷумъаи пеш аз баробаршавии шабу рӯз (эътидоли баҳорӣ) ҷашн гирифта мешавад. Ҳар сол чорабиниҳо дар доираи ин Рӯз ба як мавзуи муайян бахшида мешаванд, ки аҳамияти иҷтимоӣ ва саломатӣ дорад.
Дар Рӯзи ҷаҳонии хоб таблиғоти иҷтимоӣ фаъол мегардад, конфронсҳо ва симпозиумҳо баргузор мешаванд, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи аҳамияти хоб, мушкилоти вобаста ба он ва таъсири ихтилолҳои хоб ба саломатии инсон ва ҷомеа равона шудаанд.
Таҳияи А. НОСИРҶОН
ДАР ЗЕРИ ЗАМИН ЧӢ МИҚДОР ОБ МАВҶУД АСТ?
Соли 2021 гурӯҳи олимон аз Донишгоҳи Саскачевана (Канада) муайян намуданд, ки дар тарқишҳо ва ковокиҳои қишри замин миқдори азими об мавҷуд аст, ки ҳаҷми он ба 43,9 миллион километри мукааб баробар мебошад.
Ба гуфтаи олимон, ин миқдори об аз тамоми захираҳои обии пиряхҳои кӯҳҳо, пиряхи Гренландия ва пиряхҳои Антарктида 4 маротиба зиёд аст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
