ДАЪВАТ – 2026
Шаҳри Душанбе аз иҷрои нақша мужда дод
Шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш аз муҳлат иҷро кард.
Тавре хабар дода будем, қаблан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт дар рӯзҳои аввал аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мужда расонда буданд.
Дастовардҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти таъмини дастрасӣ ба иттилоот
Дар меҳмонхонаи “Hilton”-и шаҳри Душанбе дар мавзуи «Дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини дастрасӣ ба иттилоот» мизи мудаввар баргузор шуд.
Дар чорабинӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, намояндагони Вазорати фарҳанг, расонаҳои хабарӣ ва масъулони марказҳои матбуотии вазорату идораҳо иштирок намуда, дастовардҳо, мушкилот, роҳҳои беҳтарсозии дастрасӣ ба иттилоотро мавриди таҳлил қарор дода, оид ба тақвияти ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма табодули назар карданд.
Дар Минск доир ба Эъломияи Куруши Кабир чорабинӣ баргузор шуд
Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Беларус бо кишварҳои хориҷӣ, зери унвони “Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон” чорабинии байналмилалӣ доир гашт.
Сафири Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода зимни суханронӣ аз аҳамияти таърихӣ ва нақши Эъломияи Куруши Кабир дар рушди арзишҳои умумибашарӣ, бахусус дар самти ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки қатъномаи он зимни Конфронси 43-юми ЮНЕСКО қабул шудааст, ёдовар гардид. Таъкид шуд, ки ин Эъломия, ки таърихи 2550 солро фаро мегирад, ҳамчун нахустин сарчашмаи таърихии ҳуқуқи инсон то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ дошта, дар рушди меъёрҳои муосири ҳуқуқи байналмилалӣ заминаи мусоидро фароҳам овардааст.
НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Конфронс оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Наврӯз – рамзи худшиносии миллӣ ва ҷашни баҳамоии тамаддунҳо» конфронси илмӣ-назариявӣ доир гардид.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ доир ба таърих, ҳикмат, анъана, фарҳанг ва ҷаҳонишавии Наврӯз ибрози назар намуда, нақши муассисаҳои таълимиро дар тарбияи насли ҷавон ва густариши фарҳанги миллӣ баланд арзёбӣ намуд.
Гуфта шуд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки омил ва василаи пайванди фарҳангҳои гуногун ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо мебошад.
СУҒД
Дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Ба иттилои Агентии хоҷагии ҷангал, дар гармхонаҳо беш аз 50 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҷангалӣ ва ороишӣ парвариш меёбанд, ки ба рушди соҳаи ҷангалпарварӣ ва таъмини ниҳолҳои зарурӣ барои минтақаҳои гуногуни мамлакат нигаронда шудааст.
Инчунин, коргоҳи истеҳсоли нӯшобаҳои табиӣ аз хуч, зирк ва зардолу фаъолият дорад, ки истеҳсоли чунин маҳсулоти табиӣ метавонад ба рушди истеҳсолоти ватанӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ мусоидат намояд. Маҳсулоти ҷангал аз ҷиҳати экологӣ тоза, хуштаъм ва дорои витаминҳои зиёди барои организм зарурӣ мебошад.
Шарҳу тавзеҳи Паём дар ноҳияи Фирдавсӣ
Доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат силсилаи вохӯрию мулоқоти масъулини сохторҳои гуногун бо сокинон идома дорад.
Чунин як мулоқоти судманду омӯзишӣ бо иштироки судяҳои суди ноҳияи Фирдавсӣ Абдулвоҳид Сатторзода, Алимардон Сафарзода ва Ҷаъмахон Ҷамилзод дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78-и ҳамин ноҳия доир гардид. Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки рушди соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия чун ҳамеша аз мавзуъҳои меҳварии Паём буда, Сарвари давлат ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Кормандони суд дар такя ба нукоти муҳими Паём аз рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мактабу маориф, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ ёдовар шуда, ҳамзамон, ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” таъкид намуданд.
Имсол дар кишвар чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Пойгоҳҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии шаҳрҳои Ҳисору Истаравшан ва ноҳияҳои Данғараю Қубодиён ҷойгиранд.
Пойгоҳҳо ба омӯзиши таърихи куҳан, ҳифзи мероси моддӣ, тамаддун ва худшиносии миллӣ мусоидат менамояд. Таъсиси ин марказҳо ба таҳкими ҳувияти миллӣ тавассути омӯзиши амиқи асли миллати тоҷик, ҳифзи объектҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамзамон, татбиқ ва риояи ҳатмии қонунгузории соҳавӣ равона гардидааст.
КӮШОНИЁН
Корҳои безараргардонии малах идома дорад
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ин ноҳия бо раванди корҳои безараргардонӣ шинос шуд.
Тибқи иттилои мутахассисон, малахи марокашӣ, аслан, дар минтақаҳои барои гузарондани коркарди кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва заминҳои кишоварзӣ мефарояд. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малах дар вилоят ситод таъсис дода шудааст. То имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас гардидааст.
