ПАЁМИ РУШД ВА ЗИНДАГИСОЗ

07 апрел 2026, Сешанбе
16


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2025 бо таваҷҷуҳ ба дастовардҳои сиёсати хориҷии мамлакат ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатиро яке аз рӯйдодҳои муҳиму таърихӣ дар ин самт унвон карданд.
Воқеан, масъалаи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2025, ки бо кӯшиши ҷонибҳо ҳалли ниҳоии худро пайдо кард, пирӯзии дипломатии ду кишвари дӯсту ҳамсоя мебошад. Ин масъала аз он назар муҳим арзёбӣ мешавад, ки муноқишаи марзӣ боиси нооромӣ дар ду ҷониб гардида, ҳатто сабаби бархӯрди мусаллаҳона шуда буд ва дар сурати ҳал нашудани он метавонист дар оянда низ сабаби бесуботӣ ва нооромӣ гардад.
Гузашта аз ин, дар Паёми навбатӣ як силсила масъалаҳое баррасӣ гардиданд, ки ҳалли онҳо, бешубҳа, ба беҳбуди зиндагии аҳолии кишвар, рушди иқтисоди мамлакат таъсири мусбат хоҳанд дошт.
Ин дар ҳолест, ки давоми даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои иҷрои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳиму самарабахш амалӣ карда шуданд. Ин санади муҳим ва дорои аҳамияти бисёр бузург барои давлату миллат, ки дарбаргирандаи тамоми соҳаҳо мебошад, роҳи рушду тараққиёт ва шукуфоиву саодатро барои ояндаи сокинони кишвари азизамон муайян ва мушаххас мекунад.
Яке аз навидҳои фараҳбахши Паёми имсола ин буд, ки моҳи сентябри соли 2027 чархи сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар, ки барои баланд бардоштани иқтисоди мамлакат нақши калидӣ дорад ва сатҳи зиндагии мардумро баланд хоҳад бардошт, пурра таъмин мегардад.
Тавре зикр шуд, барои амалӣ намудани ин ҳадафи муҳим танҳо соли сипаришуда аз ҳисоби буҷети давлатӣ 9 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар иншооти аср наздики 60 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Ҳоло бо таваҷҷуҳ ба корҳои анҷомшуда итминон дорем, ки таҳти роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ин Неругоҳи пуриқтидор дар вақти муайяншуда ба итмом мерасад ва Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон табдил меёбад.
Агар бо диди таҳлилӣ ба нукоти Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андозем, маълум мегардад, ки дар он тамоми масъалаҳое, ки барои рушди кишвар ва некуаҳволии ҷомеа муҳим арзёбӣ мешуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд, ки ба назари мо дар иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат на танҳо ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, балки ҳар фарди ҷомеа масъулу уҳдадор аст.


Ғозибек САФАРЗОДА, раиси суди ноҳияи Тоҷикобод

Санаи нашр: 07.04.2026 №: 63-64