МАҚОМИ ОМӮЗГОР. СУХАН АЗ ҚОНУНИ МИЛЛИВУ ТАЪРИХИИ ДАВЛАТИ МО

07 апрел 2026, Сешанбе
4


Таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти омӯзгор тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд.
Ҷомеа имрӯз омӯзгори навовар, эҷодкор ва масъулиятшиносро тақозо мекунад, зеро дар масъалаи таълиму тарбияи насли оянда ҳар иштибоҳ метавонад пайомади ҷиддӣ дошта бошад.
Агар хоҳони ҷомеаи пешрафта ва давлати неруманд бошем, бояд мақоми омӯзгорро ҳамчун сарчашмаи ҳамаи пешрафтҳо эътироф намуда, дастгирии воқеии соҳаи маорифро тақвият бахшем.
Омӯзгороне, ки новобаста аз мушкилоти рӯзгор бо садоқат ба касби худ хидмат намуда, шахсиятҳои арзандаро барои халқу Ватан тарбия мекунанд, воқеан, сазовори эҳтиром, қадршиносӣ ва эътирофи ҷомеа мебошанд.
Бино ба моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”, “Амалҳое, ки бевосита ё бавосита ба паст задани шаъну шарафи омӯзгор равона шудаанд, манъ аст”. Инчунин, зикр мешавад, ки “Омӯзгорони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз пардохти андози қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба онҳо ҷудо карда шудаанд, озод мебошанд”. Ин ва дигар ҳуқуқҳои тозаи мо – омӯзгорон на танҳо дили моро гарму пурнишот менамоянд, балки масъулияти касбиро меафзояд.
Ояндаи бузурги миллат аз синфхонаҳои мактаб оғоз мегардад ва калиди он дар дасти омӯзгор аст. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши омӯзгор дар рушди ҷомеа баҳои баланд дода, таъкид намудаанд: «Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад».


Наҷиба МУСТАФОЕВА, омӯзгори МТМУ №6-и ноҳияи Айнӣ

Санаи нашр: 07.04.2026 №: 63-64