НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. ВАҚТЕ ДАСТУ ДИЛИ МАРДУМ ГАРМ АСТ...
Истиқболи сазовори Ҷашни 35-солаги Истиқлолии давлатӣ, албатта, ин бунёди иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишист, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои ин талош меварзанд. Дар асоси нақшаи сохтмонҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Зафарободи деҳоти Хуррамдиёр бинои иловагии таълимӣ дар назди МТМУ №22, дар деҳаи ба номи Боқӣ Раҳимзодаи деҳоти Вахшон майдончаи варзиш дар назди МТМУ №57, дар кӯчаи ба номи Қ. Қурбонови шаҳраки Хоҷамастон маркази хидматрасонӣ ва ошхонаи миллӣ, дар деҳаи Хуррамдеҳи деҳоти Меҳробод маркази савдо ва коргоҳи дӯзандагӣ сохта, ба истифода супурда шуданд.
![]()
Бо саҳми сокинони маҳаллӣ бо харҷи 350 ҳазор сомонӣ майдончаи варзиш дар назди МТМУ №57 бунёд гардид. Иншоот бо таҷҳизоти муосири варзишӣ, аз ҷумла сабзаи сунъӣ, муҷаҳҳаз шуда, барои тамрини ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад. Ифтитоҳи майдонча қадами муҳим дар самти рушди соҳаи варзиш ва ободонии деҳа буда, ба баланд бардоштани сатҳи саломатии ҷомеа мусоидат менамояд.
Маркази хидматрасонӣ ва ошхонаи миллии сеошёна аз ҷониби соҳибкори ватанӣ – сокини деҳаи Обшорон Маҳмурод Фаёзов ба маблағи 640 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Бинои нави дуошёнаи маркази савдо ва коргоҳи дӯзандагӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкори ватанӣ Ҳикоят Айматова бо сарфи 460 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Марказ барои шаҳрвандон ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад ва барои рушди соҳибкории хурду миёна ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад. Дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва бунёди чунин иншоот барои рушди иқтисоди маҳаллӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва беҳтар намудани сатҳи хидматрасонии аҳолӣ нақши калидӣ мебозад.
![]()
Ҳамзамон, дар доираи корҳои ободонӣ дар деҳаи Правдаи деҳоти Вахшон, бо саҳми сокинони маҳаллӣ, бо харҷи 2 миллион сомонӣ сохтмони бинои иловагии дуошёнаи таълимӣ оғоз ёфт. Иншооти ҷашнӣ дар заминаи бинои садамавии МТМУ №17 қомат афрохта, барои 528 хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад. Тибқи лоиҳа, бинои нави таълимӣ бо ёздаҳ синфхона ба талаботи муосири соҳаи маориф ҷавобгӯ хоҳад буд. Қарор аст, ки бинои таълимӣ моҳи сентябри соли равон дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Сокинони сарбаланди ноҳия бо шукргузорӣ аз соҳибдавлативу баракати даврони соҳибистиқлолӣ ва орзуву умедҳои рангини фардои дурахшон аҳлона меҳнат карда, аз худ ба насли оянда як диёри ободро ба мерос хоҳанд гузошт.
Дар ин бора хабарнигори рӯзнома аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон маълумот гирифт.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
