РОҲСОЗӢ ДАВЛАТСОЗИСТ

07 апрел 2026, Сешанбе
30


Ба маълумоти Вазорати нақлиёт, соли 2025 барои соҳаи роҳу нақлиёт ҳамчун соли хотирмону созандагӣ, рушди устувор ва дастовардҳои назаррас сабт гардид. Нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ гувоҳи онанд, ки Вазорат бо ҳамоҳангии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва муассисаву корхонаҳои марбута бо қадамҳои устувор ба сӯйи ояндаи дурахшон пеш меравад.


Яке аз рӯйдодҳои фараҳбахш моҳи июни соли гузашта дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи автомобилгарди Душанбе – Кулма, қитъаи Қаълаи Хумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон, роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе – Кулма, долони зиддитармавӣ ва пули мошингузар дар деҳаи Барсем, пули мошингузар дар шаҳри Хоруғ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар водии Рашт роҳи байналмилалии Оби Гарм – Нурободро бо се нақби мошингузар ва ёздаҳ пули нав, дар вилояти Суғд қитъаи роҳҳои автомобилгарди Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Кучкак – Конибодомро соли гузашта ба истифода супурданд, ки аз дастовардҳои назарраси соҳаанд.
Дар ҳақиқат, сохтмони роҳ дар минтақаҳои баландкӯҳ кори осон нест, аммо бо раҳнамоии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббусу дастгирии Ҳукумати мамлакат имрӯз дар сартосари кишвар ҳазорҳо километр роҳҳо бунёду таҷдид шуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Роҳ василаи асосии робитаи байни мардумон, шаҳрҳо ва кишварҳост. Роҳи хуб на танҳо ҳаракатро осон мекунад, балки рушди иқтисод, тиҷорат, сайёҳӣ ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин месозад». Ин гуфтаҳои Сарвари давлат имрӯз дар амал татбиқ гардидаанд. Бунёди роҳҳои нави кӯҳистон Тоҷикистонро бо минтақаҳои дурдаст, ҳамчунин, бо кишварҳои ҳамсоя пайваста, ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Тавассути Вазорат ёздаҳ лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи як миллиарду 170 миллион доллари ИМА амалӣ мешавад, ки аз ин панҷ лоиҳа дар марҳалаи татбиқ, шаш лоиҳаи дигар ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд. Тавре зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёт Азим Иброҳим таъкид дошт, соли гузашта корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Данғара – Гулистон (49 километр), Гулистон – Фархор (29,6 километр) ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Оби Гарм – Нуробод, қисмати се пули калон ба масофаи 920 метр ва сохтмони се пул дар ноҳияҳои Восеъ ва Рӯдакӣ оғоз гардиданд. Дар маҷмуъ, дар давраи ҳисоботӣ 243,5 километр роҳи автомобилгард, сӣ пули хурду бузург, панҷ нақб, шаш долони зиддитармавӣ ва дигар иншооти соҳа сохта, ба истифода супурда шуданд.
Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба муассисаҳои сохтори Вазорат аз буҷети ҷумҳурӣ 147,2 миллион сомонӣ ва аз буҷети маҳаллӣ 14,3 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ ба маблағи 504250,8 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он иҷро шуд.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 07.04.2026 №: 63-64