РОМИТ. ДЕҲАҲОИ ДУРДАСТ ЧАРОҒОН МЕШАВАНД
Барои бисёриҳо дар ҳафтод соли даврони Иттиҳоди Шуравӣ ва зиёда аз сӣ соли истиқлоли давлатӣ бо барқ дастрасӣ надоштани як қисми деҳаҳои минтақаи Ромит, ки мавзеи хеле маъруф буда, аз маркази ҷумҳурӣ дар масофаи на он қадар дуру дастнорас воқеъ аст, бовар нокарданист. Вале дар асл ҳамин тавр аст.
Сокинони 24 деҳаи ин минтақа на танҳо аз ҳаловати истифодаи барқ бебаҳра буданд ҳатто бовар ҳам надоштанд, ки рӯзе соҳиби барқ мешаванду бори зиндагиву рӯзгор ва коруборашон сабук мегардад. Амалӣ шудани орзуи онҳо 4-уми июни соли 2016 дар заминаи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат оғоз ёфт. Дар ин рӯз Пешвои миллат барои бо барқ таъмин кардани минтақаи Ромит дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Баъдтар, дар асоси ин дастур, лоиҳаи “Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит” таҳия гардид, ки мақсаду мазмуни он бо барқ таъмин намудани деҳаҳои аз барқ маҳруми минтақаи Ромит буд.
8-уми октябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат зеристгоҳи барқии “Ромит”-110/20/10 кВ ва хатти интиқоли барқи 04 киловолт дар масофаи 53 километр барои 9 деҳаи деҳоти Ромитро мавриди истифода қарор доданд, ки баъд аз ин деҳаҳои Қоху, Девдара, Новаки Поён, Новаки Боло, Пушандоч, Вистан, Дашти Мазор, Ғусғеф ва Пичеф, ки 3 100 нафар аҳолӣ доранд, ба шабакаи марказӣ пайваст ва соҳиби барқи доимӣ шуданд.
Айни замон марҳалаи дуюми чароғон намудани деҳаҳои боқимондаи минтақаи Ромит оғоз ёфтааст. 4-уми апрели соли 2026 дар деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдат маросими тантанавии оғози корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти барқӣ дар доираи марҳалаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Ромит» баргузор гардид. Зикр шуд, ки татбиқи марҳалаи дуюми лоиҳа имкон фароҳам меоварад, то 15 деҳаи Ҷамоати деҳоти Ромит бо неруи барқи доимӣ ва боэътимод таъмин карда шавад. Дар баробари ин, дар доираи марҳалаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Ромит» иҷрои як қатор корҳои муҳими инфрасохторӣ, аз ҷумла васеъсозии зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ-и «Ромит», бунёди зеристгоҳи барқии нави 110 кВ-и «Явроз», бунёди хатти интиқоли барқи 110 кВ аз зеристгоҳи «Ромит» то зеристгоҳи «Явроз», насби 28 трансформатори 20/0,4 кВ ва 10/0,4 кВ, бунёди шабакаҳои тақсимоти барқи 0,4/0,22 кВ пешбинӣ шудааст. Корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби консорсиуми ширкатҳои «БАРС Консалтинг», «ЭЛСИ-Азия Энерго Строй ццПроект» ва «Аркон» анҷом ёфта, пудратчии асосӣ – ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» мебошад. Мутобиқи нақша, анҷоми пурраи лоиҳа соли 2028 дар назар аст ва баъд аз он тамоми минтақаи фирдавсшабеҳи Ромит чароғон ва боз ҳам ободтар хоҳад гашт.
Нозир ЁДГОРӢ, “Ҷумҳурият”
