Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуд

13 апрел 2026, Душанбе
4


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштинҳо Ненад Лалович мулоқот кард.
Дар оғоз Рустами Эмомалӣ меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ин сафар қадами муҳим ва муассир дар самти таҳкими ҳамкории минбаъда дар соҳаи варзиш, бахусус гӯштин, аст, ки аз ҷумлаи маъруфтарин ва маҳбубтарин намудҳои варзиш дар кишвари мо маҳсуб мешавад.
Ненад Лалович ба раиси шаҳри Душанбе барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, изҳори итминон кард, ки ҳамкорӣ дар ин самт бо Тоҷикистон дар сатҳи хубу муассир ба роҳ монда хоҳад шуд.


Дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар» ба истифода дода шуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ меҳмонхонаи муҳташами «Аммар»-ро мавриди истифода қарор дод.
Меҳмонхона дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ бунёд гардид.


Қонуни намунавӣ «Дар бораи мақоми Ваколатдори ҳуқуқи инсон» тасдиқ шуд
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон баргузор гардид.
Дар он, аз ҷумла намояндагони парлумони Тоҷикистон – раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ, маориф, фарҳанг, сиёсати ҷавонон ва занон Мунира Каримзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ ва намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ Абдухалил Ғафурзода иштирок намуданд.
Иштирокчиён тарҳи таҳрири нави қонуни намунавӣ «Дар бораи мақоми Ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Дар санад мақоми ҳуқуқии омбудсменҳо дақиқ гашта, ваколатҳои онҳо васеъ шуда, кафолатҳои иловагии мустақилии онҳо муқаррар гардидааст.


ДАЪВАТ – 2026. Иҷрои беш аз 80 фоизи нақша дар даҳ рӯз
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 рӯзи аввал 80,1 дарсадро ташкил дод.
Ба иттилои Вазорати мудофиа, дар ин муддат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе нақшаи даъватро иҷро намуданд.
Нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 96,2 фоиз, вилояти Суғд 57,5 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 68,3 фоизро ташкил медиҳад.
Даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999 – 2008 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми апрел шуруъ гардида, то 31-уми май идома меёбад.


ПАНҶАКЕНТ
Сохтмони Боғи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ идома дорад
Дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд.
Аз ҷумла, бунёди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ идома дошта, корҳои сохтмонӣ тибқи нақша ҷараён доранд.
Тавре ба раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, дар боғ пайкараи ҳаким Фирдавсӣ гузошта шуда, ҳамзамон, гулгаштҳо ва маконҳои муосири истироҳатӣ бунёд мегарданд.
Раиси вилоят, инчунин, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази оши палав ва Маҷмааи сайёҳӣ шинос шуд.

Санаи нашр: 13.04.2026 №: 67