ВМКБ. ҲАМОИШ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК
Ба муносибати Рӯзи илми тоҷик дар шаҳри Хоруғ бо иштироки олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Иқтидори зеҳнии минтақаҳои баландкӯҳ: илм, ҷомеа ва моделҳои рушди устувор» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Ҳайати расмӣ нахуст аз намоиши асарҳои тозанашри олимони Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Баҳодур Искандаров ва Институти биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбеков дидан намуданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни сухани ифтитоҳӣ зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи рушду инкишофи илму маориф афзалият дода, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба ин соҳа тадбирҳои судманд меандешад. Бояд иқрор кард, ки масири эҳё, рушд ва таҳкими соҳаи илму маорифи кишвар дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, эҳёи давлатдории навини тоҷикон, равнақи хоҷагии халқ ва боло бурдани мақому манзалати миллат дар арсаи байналмилалӣ кори саҳлу осон набуд. Бо хиради азалии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ҳамчун омили рушду инкишофи давлат эътироф шуда, ҷиҳати рушди он корҳои бузург анҷом дода мешаванд. Барои дастгирии муҳаққиқон ва пешбурди фаъолияти илмии онҳо аз ҷониби Ҳукумат грантҳо таъсис дода шуда, ҳамасола аспирантон, магистрантон ва унвонҷӯён бо стипендияҳои махсус дастгирӣ меёбанд.
Дар идома доктори илмҳои филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар мавзуи нақд ва адабиётшиносӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ маъруза карда, бо истинод ба суханони Президенти мамлакат таъкид дошт, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат аз илму маорифи пешрафта вобастагӣ дорад ва имрӯз заминаи мустаҳками он гузошта мешавад.
Мудири шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, доктори илмҳои таърих, профессор Фозил Абдурашидов гуфт, ки истиқлоли давлатӣ барои омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи халқи тоҷик шароити мусоид фароҳам овард. Имрӯз нашри таҳқиқоти ҷиддӣ ва рисолаҳои бунёдӣ, инчунин, дастраси хонандагон гардидани осори олимони таърихшинос далели рушди таърихнигории миллӣ мебошад.
Дар фарҷом як қатор олимону муҳаққиқон ва кормандони соҳаи илму маориф барои фаъолияти пурсамар, таҳқиқоти арзишманд ва саҳми назаррас дар тарбияи кадрҳои баландихтисос бо сипоснома ва ифтихорномаҳои МИМҲД ВМКБ қадр шуданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
