ИПОТЕКА. ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ ЧӢ ГУНА ҶАРАЁН ДОРАД?

Барои ман ва ҳамаи онҳое, ки ҷиҳати дарёфти хонаи шахсӣ ниёз ба ипотекаи давлатӣ доранд, фаъол будани ипотека дар мамлакат хушоянд аст. Ҳарчанд дар шароити имрӯза талабот ва шартҳое, ки бонкҳо пешниҳод мекунанд, на ҳама ба он дастрасӣ пайдо карда метавонанд. Чунки аксаран барои пардохти моҳона имкони муносиб надоранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯзҳо, асосан, оилаҳои серфарзанду камбизоат ба ин мушкилӣ мувоҷеҳанд. Яъне, онҳо бо даромади ҳармоҳаашон имкони харидани манзили зист тавассути ипотекаро надоранд. Бо назардошти ин, ипотека бояд барои табақаи миёнаи аҳолӣ, касони камдаромад ва эҳтиёҷманд бошад ва шарту шароити он низ тавре ба роҳ монда шавад, ки бар нафъи мардуми ниёзманд бошад. Омилҳои сатҳи пасти ҷалбшавии шаҳрвандон ба ипотека ҳам дар шартҳои вазнину «дандоншикан»-и бонкҳо аст. Аз ҷумла, дар ин раванд пешпардохт ба андозаи 30-40 фоиз аз арзиши манзил низ барои аксари мардум ғайриимкон мебошад. Ба гуфтаи чанде аз соҳибони ширкатҳои сохтмонӣ ва ашхоси корафтода, айни ҳол арзиши манзил дар ҷумҳурӣ гарон буда, як метри мураббаъ вобаста ба вазъу шароити хона ва мавқеи ҷойгиршавии он аз 750 то 1000 доллари ИМА ва аз ин ҳам бештар арзиш дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми феврали соли 2026-ум 3114,56 сомониро ташкил медиҳад.
Ин ҷо меъёрҳои муқарраркардаи якчанд бонкҳои амалкунандаро, ки бо дарназардошти имконият ва манфиатҳояшон хидматрасонии худро роҳандозӣ намудаанд, зикр менамоем. Дар ҶСК “Бонки Эсхата”, ки яке аз бонкҳои фаъол ва сермизоҷ мебошад, ипотека имрӯз чунин амал мекунад. Мизоҷ метавонад то 500 000 сомонӣ (на бештар аз 70 фоизи арзиши манзил)-ро ба муҳлати то 120 моҳ бо меъёри 22 фоизи солона дастрас намояд. Гарав 125 % амволи ғайриманқул. “Спитаменбонк” барои харидани хона ба мизоҷ то 300 000 доллар ба муҳлати то 120 моҳ, бо меъёри 14 фоизи солона ва пешпардохт 30 фоиз бо доллари ИМА, қарз медиҳад.
ҶСП «Ҳумо Бонк» аз 50 000 то 500 000 сомонӣ, бо 26 фоизи солона (бо сомонӣ), ба муҳлати аз 3 то 60 моҳ, бо пешпардохти на камтар аз 30 фоизи маблағи хона қарз пешниҳод мекунад.
Дар «Амонатбонк» қарзи ипотекӣ мисли дигар намудҳои қарз буда, бартарияти асосии он муҳлати дароз ва ба инобат гирифтани даромади оилавии мизоҷ, аз қабили ҳамсар, фарзанд ва ё бародари ӯ, ки хоҷагии хонаводагии якҷоя доранд, мебошад. Шартҳои асосии пешниҳоди қарзи ипотекӣ дар “Амонатбонк” чунинанд: маблағи қарз то 1,5 миллион сомонӣ, муҳлати қарз то 10 сол, пешпардохт 30 фоиз, 18 фоизи солона бо сомонӣ, гарав – амволи харидшаванда ва ё дигар амволи ғайриманқул.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ бо таваҷҷуҳ ба ин масъала чунин дастур доданд: «Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум ва тавсеаи имкониятҳои дастрасии шаҳрвандон ба манзили истиқоматӣ зарур аст, ки механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекиро такмил дода, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми чунин қарзҳо ба аҳолӣ тадбирҳои дахлдор андешида шаванд».
Дар робита ба иҷрои ин дастур, шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба мо иттилоъ дод, ки тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ, дар соли 2025 пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ рӯ ба афзоиш дошта, дар маҷмуъ, ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 346,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба қавли масъулон, нишондиҳандаи мазкур ҳоло ҳам кофӣ набуда, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Пешвои миллат дар самти омӯзиш ва роҳҳои татбиқи механизмҳои муосири рушди бозори қарзҳои ипотекӣ, аз ҷумла ташкили фонди кафолати қарзӣ, як қатор иқдомҳо роҳандозӣ гардида истодаанд. Зикр шуд, ки ҳалли масъалаҳои дар ин самт мавҷуда, махсусан паст намудани фоизи қарзҳо, дар меҳвари фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.
Ба андешаи Шуҳрат Сироҷов, муовини директори Департаменти қарзӣ (ипотека)-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, ҳар як ташкилоти қарзӣ сиёсати фоизии худро дорад. Манбаи асосии қарзҳои ба муштариён пешниҳодшаванда, асосан, захираҳои ҷалбшуда, яъне пасандозҳои аҳолӣ ва амонатҳои вазорату идораҳо мебошанд, ки бонк барои истифодаи маблағҳои ҷалбгардида фоизи муайянро ба соҳибони онҳо пардохт мекунад. Имрӯзҳо ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади ҷалби пасандози аҳолӣ омодаанд, то 17 фоизи солона барои пасандози гузошташуда фоиз пардохт намоянд. Табиист, ки дар чунин шароит фоизи қарзҳо наметавонад аз арзиши захираҳои ҷалбшуда пасттар бошад. Ҳамзамон, тибқи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди қарз бо меъёри пасттар аз меъёри миёнавазни қарзӣ метавонад уҳдадориҳои иловагии андозиро ба миён оварад. Аз ин рӯ, фоизи қарзҳо бо дарназардошти ҳамаи ин омилҳо муайян карда мешавад.
– “Амонатбонк” дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакатро пайваста роҳнамои фаъолияти худ қарор медиҳад. Соли 2024 бонк вобаста ба имкониятҳои молиявии худ меъёри фоизи қарзи ипотекиро аз 20 то 18 фоизи солона паст намуд. Паст гардидани фоиз боиси зиёд шудани талабот гардид. Ҳамчунин, тибқи нақшаҳои стратегӣ, масъалаи бознигарии минбаъдаи меъёрҳои фоизӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. «Амонатбонк» дар доираи ваколатҳои худ роҳҳои имконпазирро ҷиҳати такмили механизмҳои баҳодиҳии даромад ва васеъ намудани дастрасии гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба чунин маҳсулоти қарзӣ, пайваста мавриди амалисозӣ қарор медиҳад, – гуфт Шуҳрат Сироҷов.
Ба гуфтаи мутахассисони Бонки миллӣ, барои густариши қарздиҳии ипотекӣ, дар навбати аввал, таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки дастгирии ипотека, аз ҷумла пешниҳоди имтиёзҳо ба оилаҳои ҷавон, кормандони соҳаи буҷетӣ ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, зарур мебошад. Дар ин замина, зиёд намудани муҳлати қарзҳои ипотекӣ имкон медиҳад, ки онҳо барои доираи васеи аҳолӣ дастрас гарданд. Инчунин, рушди бозори ибтидоии манзил, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва рақамикунонии равандҳои ипотекӣ низ муҳим арзёбӣ мегардад.
Тавре аз мушоҳидаҳо аён гашт, имрӯз бештари ташкилотҳои қарзии кишвар пешниҳоди қарзҳои ипотекиро бо тарзи гуногун ба роҳ мондаанд. Хуб мешуд, агар ин масъалаи мубрами рӯз мавриди баррасии мутасаддиёну масъулон қарор гирифта, ҳалли саривақтии худро ёбад ва бо шартҳои сабуктару имконпазир пешниҳоди ниёзмандон гардад, зеро дар чунин шароит танҳо фаъолияти босамари ипотека ҳамчун воситаи молиявии дастрас ба беҳтар намудани шароити зисти шаҳрвандони эҳтиёҷманд мусоидат хоҳад кард.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
