КОРРУПСИЯ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ИН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
![]()
Коррупсия яке аз падидаҳои номатлубе мебошад, ки ба рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як давлат монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд. Он эътимоди ҷомеаро ба ниҳодҳои давлатӣ коҳиш дода, ба таҳрифи принсипҳои адолат ва баробарӣ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, дар шароити муосир мубориза бо коррупсия ва пешгирии он ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки коррупсия яке аз монеаҳои асосии рушди устувори давлат буда, барои решакан кардани он ҳамкории зичи давлат ва ҷомеа зарур аст. Воқеан, маҳз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тақвияти масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон метавонад заминаи боэътимод барои муборизаи самаранок бо ин зуҳуроти номатлубро фароҳам оварад. Ин роҳнамоӣ моро водор месозад, ки дар фаъолияти худ поквиҷдонӣ, адолат ва масъулиятшиносиро дар мадди аввал гузорем.
Тоҷикистон дар ин замина бо дарки амиқи аҳамияти масъала, заминаҳои мукаммали ҳуқуқӣ ва институтсионалиро таъсис дода, онҳоро мунтазам такмил медиҳад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҷмуи чораҳои фарогирро барои танзими низоми манфиатҳо, ошкор ва пешгирии хатарҳои коррупсионӣ, инчунин, гузарондани экспертизаи антикоррупсиониро пешбинӣ менамоянд. Ин санадҳо дар маҷмуъ ҳамчун пояи устувори ҳуқуқӣ барои маҳдуд сохтани омилҳои коррупсионӣ хизмат мекунанд.
Дар баробари ин, татбиқи стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба коррупсия ба рушди низоми самараноки идоракунӣ замина мегузорад. Имрӯзҳо татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 идома дошта, дар доираи он мониторингҳои мунтазам, таҳлил ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда амалӣ мешаванд. Чунин равиш имкон медиҳад, ки мубориза бо коррупсия хусусияти пайгирона ва натиҷабахш касб намояд.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони муосир рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ мебошад. Ҷорӣ намудани низоми электронии хизматрасонӣ, савдои электронӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ на танҳо шаффофиятро таъмин менамоянд, балки омилҳои инсонӣ ва эҳтимоли порагириро ба ҳадди ақал мерасонанд. Истифодаи технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, имконият медиҳад, ки назорат бар равандҳои молиявӣ ва идоракунӣ боз ҳам пурзӯр гардида, самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ баланд бардошта шавад.
Дар баробари тадбирҳои ҳуқуқӣ, сиёсати иҷтимоии давлат низ ба паст кардани сатҳи коррупсия равона гардидааст. Баланд бардоштани маоши кормандони давлатӣ, беҳтар намудани шароити хизмат ва таҳкими кафолатҳои иҷтимоӣ ба баланд гардидани масъулиятшиносӣ ва садоқати онҳо мусоидат менамояд. Ин тадбирҳо ҳамчун омили муҳими пешгирии рафторҳои коррупсионӣ арзёбӣ мешаванд.
Ислоҳоти иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ низ дар коҳиш додани заминаҳои коррупсия нақши назаррас доранд. Сода гардондани тартиби бақайдгирӣ, кам намудани шумораи санҷишҳо ва ҷорӣ намудани мораторияҳо барои фаъолияти соҳибкорон муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва фаъолияти озоди иқтисодиро таъмин менамоянд. Ин равандҳо ба баланд шудани шаффофият ва коҳиш ёфтани дахолати ғайримақсаднок мусоидат мекунанд.
Дар соҳаи маориф бошад, татбиқи низоми мутамаркази қабул тавассути Маркази миллии тестӣ яке аз ислоҳоти муҳим ба ҳисоб меравад. Ин иқдом адолат ва шаффофиятро таъмин намуда, имконият медиҳад, ки ҷавонони лаёқатманд ва боистеъдод бе таъсири омилҳои субъективӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ роҳ ёбанд. Бо ин роҳ заминаи рушди захираҳои инсонӣ ва неруи зеҳнии кишвар мустаҳкам мегардад.
Дар маҷмуъ, таҷрибаи Тоҷикистон собит месозад, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъулияти умумимиллӣ мебошад. Ҳар як корманди давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар ташаккули муҳити шаффоф, адолатпарвар ва қонунмеҳвар саҳми арзандаи худро гузорад.
Бо итминон метавон гуфт, ки танҳо тавассути риояи қатъии қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва таҳкими ҳамкории давлату ҷомеа мо метавонем садди устувор дар роҳи коррупсия эҷод намоем. Ин роҳ моро ба сӯи ҷомеаи адолатпарвар ва рушди устувор ҳидоят хоҳад кард.
С. ИСМОИЛЗОДА,
сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3
