НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ
ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»
Шанбеи чоруми моҳи апрел дар пойтахти мамлакат даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баргузор мегардад. Ғолибони он бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр мешаванд.
Маврид ба ёдоварист, ки Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯйи 10 номинатсия: «Гулпарвари беҳтарин», «Гулгашт ва хиёбон», «Боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «Деҳаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Деҳоти беҳтарин», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин» ва «Вилояти беҳтарин» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Кумитаи рушди маҳал, дар пойтахти кишвар бо мақсади дар сатҳи баланд гузарондани Фестивал дар мавсими нави ниҳолшинонӣ 3 миллиону 999 ҳазору 630 дона гули лола шинонда шуд.
Ҳадаф аз баргузории Фестивали «Сайри гули лола» эҳёи анъанаҳои ниёгон, бедор намудани завқи аҳолӣ ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ, ободу зебо намудани Ватани маҳбубамон ва дар ин замина, ҷалби сайёҳон ба мамлакат мебошад.
ШИНОСОИИ ДАБИРИ КУЛЛИ СААД БО ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Таалатбек Масадиқов дар доираи сафар ба Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд, - иттилоъ медиҳад Осорхона.
Зимни сайри осорхонавӣ Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Таалатбек Масадиқов харитаи «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон», толорҳо ва гӯшаҳои намоишии марбут ба «Саразм», «Ҳахоманишиҳо», «Юнону Бохтар», «Тахти Сангин», «Кӯшониён», «Панҷакенти Қадим», «Дайри буддоии Аҷинатеппа» ва «Сомониён»-ро тамошо карда, бо бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ ва таърихи чандҳазорсолаи миллати тоҷик шинос гардид.
ФЕСТИВАЛ - ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ЯК МАТОЪВУ САД РАНГ»
Чанде пеш даври шаҳрии Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Як матоъву сад ранг» дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ додааст.
Фестивал аз рӯйи номинатсияҳои зерин: «Намоиши либосҳои қадимии маҳал», «Намоиши либосҳои рӯзмарра», «Намоиши либосҳои маросимӣ ва идона», «Намоиши либосҳои расмӣ» ва «Намоиши намудҳои гуногуни ҳунарҳои дастӣ» доир гардид. Дар он ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, коркарди матоъҳои миллӣ – шоҳӣ, атлас, адрас, гулбаст ва алоча пешниҳод шуданд.
Бояд гуфт, ки фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2026 тасдиқ шудааст, баргузор мешавад.
Дар фарҷом беҳтаринҳо барои иштирок дар даври вилоятии Фестивал - озмун роҳхат гирифтанд. Ин нишони қадршиносии заҳмат ва маҳорати онҳо дар рушди ҳунарҳои миллӣ арзёбӣ мегардад.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
