ҶУДО. ПАНҶ МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

20 апрел 2026, Душанбе
5


16-18-уми апрел дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба ҷудо доир гашт. Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфузи сатҳи қоравӣ 13 нафар, аз ҷумла 4 бону намояндагӣ карда, ба гирифтани 2 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ мушарраф шуданд.
Медали тиллоро Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни -66 кило ва Муҳиддин Асадуллозода дар вазни -73 кг сазовор шуданд. Эмомалӣ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм намояндаи Муғулистонро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Дар ин марҳала бар намояндаи кишвари мизбон – Чин, ғолиб омад. Дар даври ниҳоӣ Эмомалӣ Нуралӣ бар варзишгари дигари тоҷик Обид Ҷебов дастболо шуда, соҳиби медали тилло гашт. Обид ба гирифтани медали нуқра ноил гардид. Обид дар роҳ ба финал варзишгарон аз Кореяи Шимолӣ, Муғулистон ва Кореяи Ҷанубиро мағлуб кард.
Муҳиддин Асадуллоев низ зӯрозмоиро аз даври дуюм оғоз карда, бар варзишгарони Қирғизистон, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ пирӯз гашта, ба финал баромад. Дар ин давр ӯ паҳлавони маъруф Маҳмадбек Маҳмадбековро, ки аз номи Амороти Муттаҳидаи Араб баромад мекунад, мағлуб кард.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг медали нуқра гирифт. Ӯ аз даври дуюм зӯрозмоиро оғоз карда, то ба финал расидан бар намояндагони Муғулистон, Баҳрайн ва Амороти Муттаҳидаи Араб ғолиб омад. Дар финал аз паҳлавони Қазоқистон шикаст хӯрд.
Паҳлавонбонуи маъруфи кишвар Мадина Қурбонзода бошад, дар вазни -52 кило медали биринҷӣ ба даст овард. Воқеан, ин аввалин медал миёни бонувони тоҷик дар Чемпионати Осиё миёни калонсолон ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, Абдуллои Ориф (-73 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ҷойи панҷум, Меҳрзод Суфиев (-60 кг) ҷойи ҳафтумро касб карданд.
Ба шарофати ин натиҷаҳо, дастаи ҷудои Тоҷикистон дар ҷадвали умумии медалҳо ҷойи дуюмро ишғол кард. Мақоми аввал насиби тими Муғулистон шуд.
Ноиби аввали президенти Федератсияи ҷудо Эргаш Маҳмадбеков чемпионатро натиҷагирӣ карда, иброз намуд: “Ин тасдиқи равшани рушди ҷудои тоҷик ва самаранокии кори Федератсия дар се соли охир мебошад. Ин натиҷа бо роҳи дурударози стратегӣ, кори пайвастаи ҳайати мураббиён, афзоиши рақобати дохилӣ, банақшагирии дарозмуддат ва омодагии мақсадноки варзишгарон ба мусобиқаҳои муҳим имконпазир гардид”.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.04.2026 №: 72