ЛЕВАКАНТ. ШАҲРЕ ДАР МАСИРИ РУШД

20 апрел 2026, Душанбе
3


Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант баҳри сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият намуда, тадбиру чорабиниҳои зиёдеро амалӣ карда, дар ҳама соҳаҳо ба комёбиҳои арзанда соҳиб гаштанд. Аз ҷумла, нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Левакант дар соли 2025 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 30 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба дурнамо 18,3 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Қисми хароҷоти буҷет ба 95 фоиз расид. Нақшаи семоҳаи якуми соли ҷорӣ 26,6 миллион сомонӣ буд ва аз ҳисоби буҷет 25,4 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуд.
– Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2026 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо назардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 8,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 4,2 миллион сомонӣ кам аст, – гуфт раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ.
Вобаста ба таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» қарори раиси шаҳр ба имзо расида, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида гурӯҳҳои корӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои дигари қарзии шаҳр дар корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва нуқтаҳои савдо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Дар ҳудуди шаҳр ба ҳолати 1-уми апрели соли 2026-ум 98,2 дарсади шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳандаи шахси ҳуқуқӣ ва 93,4 дарсади соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод намуданд ва теъдоди постерминалҳову QR-рамзҳо дар ин давра ба 40-то расонда шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли пеш 21 адад ё 131 дарсад зиёд аст.
Ҳамчунин, дар ҳамин муҳлат шумораи соҳибкорон 864 нафар, аз ҷумла занони соҳибкор 132 нафарро ташкил дод ва аз ин шумора 288 нафар шахси ҳуқуқӣ, 576 нафар соҳибкори инфиродӣ мебошад. 126 нафар соҳибкор тибқи шаҳодатнома фаъолият мебарад.
Дар шаҳр 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мегардад, ки маблағи татбиқшудаи онҳо аз 363,2 миллион доллари ИМА убур кард.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Левакант барои солҳои 2026 – 2030 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз 31-уми марти соли 2026 тасдиқ гардидааст ва он аз 87 лоиҳаи афзалиятнок иборат буда, 919,7 миллион сомониро дар бар мегирад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 38,6 миллион сомонӣ буда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 миллион сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш ба 108 дарсад расид.
Дар семоҳаи якуми соли 2026 дар хоҷагиҳои деҳқонию ҷамъиятии шаҳр дар 355 гектар зироатҳои гуногун кишт шуд ва нашъунамои онҳо муътадил аст. Зироати асосӣ – пахта дар майдони 3 гектар кошта шуд ва кишти пунбадона идома дорад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 117,9 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,3 миллион сомонӣ зиёд буда, 162,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар шаҳр 37 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст ва дар давраи ҳисоботӣ 11-тои он фаъолият накард. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои ба кор андохтани онҳо тадбирҳои муҳим андешида истодааст.
Масофаи умумии роҳҳои шаҳр 111,7 километрро ташкил медиҳад ва 37,3 километри он роҳи байналмилалӣ, 20,9 километр ҷумҳуриявию 53,5 километр роҳи аҳамияти маҳаллидошта мебошад.
Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 57,1 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Аз ин ҳисоб 0,9 километр роҳ, аз ҷумла 0,6 километр таъмири асосӣ, 0,3 километр таъмири ҷорӣ шуд. Аз ҳисоби соҳибкорон дар ин давра 4,5 километр роҳи ҳудуди деҳаҳо ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ сангфарш гардид.
Дар шаҳр 21 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 17 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 15 ҳазору 359 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Шумораи умумии омӯзгорон 910 нафарро ташкил дода, аз ин 666 нафар занон мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон бо маълумоти олӣ 677 нафар, маълумоти миёнаи махсус 233 нафар дар муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолият доранд. Дар 4 муассисаи томактабӣ 632 кӯдак дар 26 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 17 муассисаи таълимии шаҳр 2800 нафар кӯдаки синни 5-6- сола ба маркази инкишофи кӯдак ҷалб гардидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар шаҳр 4 коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият менамояд ва онҳо 27447 хонандаи шаҳрро бо либоси мактабӣ таъмин мекунад.
Дар соҳаи тандурустӣ 649 корманди тиб, аз ҷумла 68 духтур, 17 нафар бо категорияи олӣ, 362 корманди миёнаи тиб, 156 корманди хурди тиббӣ ва 63 корманди ғайритиббӣ фаъолият доранд. Шумораи умумии занҳо дар шаҳр 27810 нафарро ташкил дода, аз ҷумла 67 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 24 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва ҷамоатҳо, 23 нафар хидматчии давлатӣ мебошад ва 119 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳри Левакант бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 71 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 66 иншоот ё 93 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шудаанд.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.04.2026 №: 72