ЛАХШ. ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ТАНТАНАИ БЕСОБИҚА ДОШТ
![]()
Имсол дар марказу деҳоти ноҳияи зебоманзари Лахш Ҷашни фархундаи ниёгон – Наврӯзи байналмилалӣ бо ҷилои дӯстию ошноии миллатҳои тоҷику қирғиз дар сатҳи баланд баргузор гардид. Сокинон бо дили гарму руҳияи идона дар доираи таҷлили иди миллӣ аз субҳи содиқ то шом чорабиниҳои гуногун, аз қабили намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунармандӣ, бозиҳои наврӯзӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзиширо барпо карданд. То имрӯз мардуми ноҳия ҳар рӯзи баҳорро бо шодию сурур ва пӯшидани либосҳои тозаи ҷашнӣ сипарӣ доранд.
НАВРӮЗ БА АҲЛИ ЗАҲМАТ НЕРУИ КОР МЕБАХШАД
Каромиддин Холзода, раиси ноҳия, зимни ифтитоҳи чорабиниҳои ҷашнӣ ва табрик намудани сокинон ба ин муносибат сарҷамъии мардуму хурсандии хурду бузургро аз баракати иди баҳор, амнияту суботи кишвар ва шукуфоии рӯзафзуни Тоҷикистон арзёбӣ кард.
– Наврӯз барои мардуми мо иди файзу баракат ва мояи ваҳдату ҳамдилӣ мебошад. Сокинони ноҳия сарҷамъона ва бо шукргузорӣ аз шароиту имконоти мусоиди зиндагӣ баҳри рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии кишлоқ пайваста заҳмат мекашанд. Имсол, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидааст, истиқболи гарм аз Наврӯзи байналмилалӣ сароғози корҳои ободонию таҳкими худшиносии миллӣ дар ин масир аст. Бовар дорам, ки аҳли заҳмати ноҳия аз тантанаҳои наврӯзӣ илҳоми тоза гирифта, барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ талоши дучанд менамоянд, – гуфт Каромиддин Холзода.
ДАСТАРХОНИ НАВРӮЗӢ БО ТАОМҲОИ МИЛЛӢ
Дар ҷараёни чорабиниҳои наврӯзӣ озмунҳои "Кадбонуи беҳтарин" ва «Як матоъву сад ранг» ҷамъбаст гардиданд. Кадбонуҳои соҳибҳунар бо истифода аз маҳсулоти кишоварзӣ таомҳои миллӣ ва хоси диёри худро омода карда, дастархони наврӯзӣ оростанд, ки хеле ҷаззоб буд. Бонувони чиррадаст маҳсулоти рангоранги бофандагию дӯзандагиашонро пешкаши ҳозирон намуданд. Зимни боздид меҳмонону сокинон ва ҳакамони озмун ба маҳорати кадбонугӣ, дӯзандагӣ ва зебоиофарии бонувони соҳибистеъдоди ноҳия баҳои баланд дода, аксҳои хотиравӣ гирифтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон ғолибони озмун муайян ва барояшон ифтихорномаю туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим шуд.
ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШ ДАР ДЕҲАИ САФЕДДАРА
Дар доираи таҷлили Ҷашни Наврӯз дар деҳаи Сафеддара толори варзиш ба истифода дода шуд. Зимни ифтитоҳи толори варзиш раиси ноҳия Каромиддин Холзода ва директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода аз кори дастаҷамъонаи мардуми Сафеддара ситоиш намуда, онро бозгӯйи пайравӣ аз иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи оммавигардонии варзиш ҳамчун омили тарзи ҳаёти солим арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки бошандагони ин деҳа дар иҷрои корҳои ҷамъиятӣ, ободонӣ ва ташкили чорабинҳои бошукӯҳ пешгом мебошанд.
![]()
МУСОБИҚАИ ГӮШТИНГИРӢ БО ИШТИРОКИ ҲАЗОРОН МУХЛИС
Дар варзишгоҳи марказии ноҳия мусобиқаи гӯштингирӣ баргузор шуд, ки ҳазорон нафар варзишгарону мухлисонро гирди ҳам овард. Мусобиқа дар руҳияи рақобати солим ва эҳтироми ҳамдигар ҷараён гирифт.
Дар фарҷом, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ғолибони вазнҳои гуногун ва беҳтарин паҳлавонони мусобиқа шоҳҷоизаҳо, аз ҷумла автомобил, тақдим шуд. Ин чорабинии сермухлис собит намуд, ки аксари мардуми Лахш ба варзиш, хосса гӯштини миллӣ, меҳру рағбати беандоза доранд.
Дар маҷмуъ, сокинони ноҳия наврӯзи имсоларо бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва дар руҳияи баланди идона гузаронда, аз оғози соли нави миллӣ ба сӯйи созандагию пешвози Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гоми устувор гузоштанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
