ДАНҒАРА. 9 КИЛОМЕТР РОҲИ ДЕҲАИ ОСТОНА МУМФАРШ МЕГАРДАД
Ба маълумоти мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят Рустамшо Ҷаҳонгир ҳоло дар доираи корҳои ободониву созандагӣ корҳои азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳи аҳамияти маҳаллидоштаи деҳаи Остонаи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми фаъолонаи сокинони деҳа амалӣ гардида, аз ҳисоби маблағҳои хайриявӣ, аз ҷумла маблағҳои ҷамъовардаи сокинон барои сафари ҳаҷ ва фитри рӯза, роҳандозӣ мешавад, ки дарозии роҳ 9 километрро ташкил медиҳад.
Феълан корҳои тахту ҳамворкунии роҳ ба анҷом расида, корҳои омодагӣ ба мумфаршкунӣ идома дорад. Беҳтар гардидани ҳолати роҳҳо на танҳо рафтуомади сокинонро осон, балки ба рушди иқтисодию иҷтимоии деҳот ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат мекунад.
ЁВОН. БУНЁДИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №72
![]()
Ба маълумоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, дар маросими оғози сохтмон раиси ноҳия Икромиддин Вализода, роҳбарону кормандони соҳаи маориф ва фаъолон ширкат доштанд. Иқдоми мазкур бо саҳми соҳибкор Акбар Асадулло амалӣ гардида, намунаи равшани шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар рушду пешрафти соҳаи маориф мебошад. Бино, тибқи нақша, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Икромиддин Вализода гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ тадриҷан мушкили норасоии синфхонаҳо бартараф гардида, барои хонандаҳо шароити муосири таҳсил фароҳам мегардад.
Соҳибкори маҳаллӣ Акбар Асадулло дар баробари бунёди иншооти мазкур барои сохтмони бинои нави иловагӣ дар назди МТМУ №69 ва дигар муассисаҳои таълимии ноҳия низ саҳм мегузорад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
