ШАҲРИСАБЗ МИЗБОНИ ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МӮД
Ҷашнвораи байналмилалии “Ҳафтаи мӯди миллӣ ва муосир”, ки мизбонии онро шаҳри қадимаву таърихии Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё бар уҳда дошт, тарроҳон-дизайнерҳои машҳури Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Фаронса, Қазоқистон, Муғулистон, Британияи Кабир, Россия, Туркманистон, Амороти Муттаҳидаи Арабро гирди ҳам овард.
Дар конфронси илмию амалӣ, ки дар мавзуи «Мӯди миллӣ ва муосир: назария, амалия ва таҷриба» роҳандозӣ шуд, дар атрофи мавзуъҳои “Мӯди экологӣ ва эко-инноватсия дар дизайн”, “Маркетинги брендҳои замонавӣ”, “Рушди мӯди ӯзбекӣ аз нигоҳи этникӣ”, “Нео-фолклор ва либосҳои замонавӣ”, “Либосҳои миллӣ ва ҷойгоҳи он дар мӯди муосир” фикру ақидаҳои гуногун баён гардиданд.
– Хушбахтона, Тоҷикистони мо дар масъалаи мӯди миллӣ ва муосир хеле пешрафт кардааст. Тарроҳони кишвари мо дар мавриди беҳтар намудани ҷилову шукӯҳи либосҳои миллӣ ва мутобиқати он бо мӯди замонавӣ талошҳои зиёд бар харҷ медиҳанд. Дар ин замина аз таҷрибаи тарроҳони маъруфи ҷаҳонӣ истифода мешавад, ки ҳаргиз аз манфиат холӣ нест, зеро маркетинги брендҳои замонавӣ тақозо менамояд, ки дар баробари истифодаи назокатҳои мӯди миллӣ, мебояд ба мӯди муосир низ, таваҷҷуҳ зоҳир гардад, – мегӯяд тарроҳи тоҷик Саидҷалол Мансуров.
Вақте ки дар саҳнаи идонаороёфта намоиши мӯд баргузор гардид, мардуми зиёд либосҳои тарроҳонро бо завқи том тамошо кардаву ҳар кадом гурӯҳи духтарони хушлибосро бо кафкӯбиҳо истиқбол гирифтанд. Дар Ҷашнвора тарҳи либосҳои тарроҳони маҳаллӣ, мисли Фарида Каримова, Аслзода Тоирова, Индира Ҷумъабоева, Ҳилола Маннонова, Юлдуз Маннонова, Ирина Шарипова, Лена Ладик, Дмитрий Илюшев мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Инчунин, аз тамошои маҳсули кори тарроҳони хориҷӣ - Саидҷалол Мансуров аз Тоҷикистон, Сувд Бангзрач ва Баярма Очирбат аз Муғулистон, Умар Мансур аз Британияи Кабир, Гулнур Мирзохонова ва Леди Ҷуани аз Фаронса, Даря Рикова ва Роза Халтиева аз Россия, Лайло Ҳаитова аз Туркманистон, Наталя Колева аз Дубай ба онҳо хеле шавқу шӯр бахшид.
Дар поёни Ҷашнвораи ҳафтаи мӯд, ки чаҳор рӯз давом кард, ҳар як тарроҳ аз тарафи дастандаркорон бо туҳфаҳои гаронбаҳо ва диплому сертификатҳо қадр шуданд.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”,
Шаҳрисабзи Ӯзбекистон
Санаи нашр: 23.05.2023 №: 108
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)