ҚУБОДИЁН. МАКТАБСОЗӢ ИҚДОМИ СОҲИБКОРОНИ ВАТАНСОЗ

Бо ташаббус ва дастгирии соҳибкорон ва сокинони саховатпешаи маҳаллӣ ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Озодагон бомаром идома дорад ва қарор аст, ки иншооти ҷашнӣ моҳи сентябри соли равон ба истифода дода шавад.
Бино аз 16 синфхона иборат буда, дорои таҳхона, кабинетҳои фаннӣ, китобхона, ҳуҷраи бойгонӣ ва ошхона барои 150 ҷойи нишаст мебошад. Барои татбиқи лоиҳа беш аз 4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
ШАҲРИТУС. СОЗАНДАГӢ ШИОРИ ПИРУ БАРНОСТ
Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рустамшо Ҷаҳонгир ба хабарнигори рӯзнома иброз дошт, ки муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Шаҳритус аз маркази саломатии деҳотӣ, воқеъ дар деҳаи Сайёд, баъди анҷоми корҳои таъмиру азнавсозӣ дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ раиси вилоят бо шароити фароҳамгардидаи муассисаи тиббӣ аз наздик шинос гардида, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дод. Таъкид шуд, ки беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити муосир барои хидматрасонии тиббӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Азнавсозии маркази саломатӣ бо дастгирии Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон – Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, барои анҷоми корҳо 670 ҳазор сомонӣ равона шуд.
Ҳамзамон, Сулаймон Зиёзода ва Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳия бо рафти корҳои сохтмонии бинои иловагӣ дар назди МТМУ №3-и деҳаи Сомониён шинос гардиданд.
![]()
Тавре иттилоъ доданд, бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёди бинои иловагӣ барои 1000 хонанда дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Барои татбиқи лоиҳа зиёда аз 3,8 миллион сомонӣ равона гардидааст. Бинои нави дуошёна дорои 20 синфхона ва хонаи омӯзгорон буда, баъди ба истифода супурдани он шароити таълим барои хонандаҳо беҳтар ва мушкили норасоии ҷойи нишаст то андозае рафъ хоҳад шуд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
