ВАРЗИШИ САБУК

21 апрел 2026, Сешанбе
7


16-ум Ниммарафони байналмилалии Душанбе доир гашт
18-уми апрел, дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи пойтахт, XVI Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода суханронӣ карданд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои оммавию варзишӣ ба таҳкими дӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муаррифии имкониятҳои варзишии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Дар ниммарафон, ки ба масофаи 21,97 км сурат гирифт, варзишгарони зиёда аз 20 давлат иштирок намуданд. Дар натиҷа, миёни мардҳо Нурсултон Кенешбеков (Қирғизистон) аввалин шуда ба марра расид. Батиршин Эдуард (Русия), Тирунеҳ Кинду Севмеҳон (Ҳабашистон), Алексей Попов (Русия), Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон) ва Ҳасан Мирсоатов (Ӯзбекистон) дар шашгона ҷой гирифтанд. Миёни занон Дема Айелу Лема (Ҳабашистон) ғолиб шуд. Марҷона Аҳмадалиева (Ӯзбекистон), Мария Коробитская (Қирғизистон), Елена Толстих (Беларус), Раҷабмо Абдуллоева (Тоҷикистон), Нигора Акрамзода (Тоҷикистон) дар шашгона мақом гирифтанд. Тибқи низомномаи мусобиқа, варзишгароне, ки ҷойҳои 1 то 6-умро гирифтанд, бо ҷоизапулӣ (аз 33 250 то 9500 сомонӣ) қадр шуданд.


ТЕННИС
Ҷамъбасти Мусобиқаи байналмилалӣ
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, бахшида ба Рӯзи пойтахт ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз 11 то 18-уми апрел дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон баргузор шуд.
Дар Мусобиқа варзишгарон аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, миёни писарон Иван Чернишов аз Беларус ҷойи якум, Сомон Амонов аз Тоҷикистон ҷойи дуюмро касб карданд. Миёни духтарон Шаҳзода Артикбаева (Ӯзбекистон) мақоми аввал, Яна Скоробогатова (Россия) зинаи дуюмро гирифтанд.


БОКС
Муштзанҳои ҷавони кишвар аз Қирғизистон бо 6 медал баргаштанд
Дар шаҳри Оши Қирғизистон XI Мусобиқаи байналмилалии бокс миёни ҷавонони солҳои таваллуди 2008/2009 ба хотираи ҳайкалтароши номӣ Раҳматуул Парпиев доир гашт.
Дар мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок карданд. Ҷумҳурии моро 15 варзишгар муаррифӣ намуда, ба гирифтани 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ шарафёб шуданд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, медали тиллоро Аъзам-ҷон Ҳасанов дар вазни 50 кг сазовор гашт. Хоҷамуминҷон Холов (80 кг), Ҷаҳонгир Рӯзибоев (85 кг) медали нуқра, Абубакр Қобилов (60 кг), Юсуф Қурбонов (70 кг) ва Музаффар Камолов (90 кг) медалҳои биринҷиро соҳиб гардиданд.
Варзишгари мо Билолҷон Иксанов (60 кг) бо ҷоизаи инфиродии “Муштзани боирода” қадр шуд.


ФУТБОЛ
Натиҷаи бозиҳои даври панҷуми Лигаи олӣ
Рӯзҳои истироҳати гузашта, бозиҳои даври панҷуми Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ доир гаштанд.
Бозии марказии давр миёни тимҳои “Ҳосилот” – “Истиқлол” мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. “Хуҷанд” ва “Регар-ТадАЗ” низ баробар (0:0) бозӣ карданд. Дар чор бозии дигар “Равшан” дар сафар бар “Парвоз” (1:0), “Барқчӣ” бар “Истаравшан” (2:1), “Вахш” бар “Сардор” (3:1), КМВА бар “Эсхата” (2:0) пирӯз гаштанд.
Бо натиҷагирӣ аз панҷ давр, дастаи “Вахш”-и Бохтар бо 10 хол ба ҷойи аввали ҷадвали мусобиқа баромад. КМВА ҳам, ки 10 хол дорад, дар зинаи дуюм мавқеъ гирифтааст. “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо 9-холӣ дар ҷойҳои сеюму чорум қарор доранд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.04.2026 №: 73-74