ПАНҶ. КӮДАКИСТОНИ НАВ ДАР ДЕҲОТИ БА НОМИ САЙФУТДИНОВ КАБУТ

21 апрел 2026, Сешанбе
17

Имрӯзҳо мардуми сарбаланди ноҳияи Панҷ бо дили гарм ва руҳияи баланди ватандӯстӣ пайи ободии диёр буда, як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, роҳу пул сохтаанд ва корҳои созандагиву ободониро идома дода истодаанд.
Фарзи мисол, дар деҳаи Пахтакори деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабути ноҳия бо иқдоми сокинони маҳаллӣ, фаъолон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бо сарфи 830 ҳазор сомонӣ сохтмони муассисаи томактабӣ барои 200 кӯдак бомаром идом дорад.

Ба маълумоти шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, корҳои сохтмонӣ моҳи январи соли 2026 оғоз ёфтаанд. Мувофиқи лоиҳа, муассиса аз 8 синфхона ва дафтари кории омӯзгорон иборат хоҳад буд. Пас аз ба истифода супурдани иншоот барои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ шароити мусоид фароҳам мешавад. Ин иқдом намунаи равшани ҳамбастагӣ ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар самти рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи насли наврас мебошад.


ҶАЙҲУН. МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БУНЁД МЕШАВАД

Дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ, директори кулли ҶДММ Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин» Фирдавс Валиев муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст бунёд мешавад. Айни замон ба корҳои сохтмонӣ 45 сокини маҳаллӣ ҷалб шудааст.


Муассисаи таълимӣ аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 31 синфхона, толори варзиш, маҷлисгоҳ, ошхона, ҳуҷраҳои омӯзгорону муҳосибот, инчунин, дафтарҳои кории директор ва ҷонишинони ӯ мебошад. Иншоот баъд аз ба истифода супурдан барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим ба хонандаҳо мусоидат намуда, дар рушди соҳаи маорифи ноҳия нақши муҳим хоҳад гузошт.
Дар ин бора хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон маълумот гирифт.


ДЕВАШТИЧ. БО ИФТИТОҲИ ХАТТИ МУОСИРИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТ ИСТЕҲСОЛ АФЗУД

Ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Деваштич хатти муосири истеҳсоли хишти корхонаи ҶДММ «Ҳаҷмис» мавриди истифода қарор гирифт. Ҳадафи муҷаҳҳазгардонии коргоҳ бо технологияи муосир иҷрои ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сохтмон, афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъсиси ҷойҳои нави кор мебошад.

Насбу васли хатти муосири истеҳсолӣ имкон фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсол афзояд ва сифати маҳсулот ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ гардад.
Сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ гуфт, ки қаблан дар коргоҳ солона то 5 миллион дона хишт истеҳсол мегардид, ҳоло бошад, бо истифода аз таҷҳизоти нав имконият пайдо шуд, ки то 10 миллион дона хишт истеҳсол ва то 100 ҷойи кор ташкил карда шавад. Маҷмуи дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ аз марҳалаи қабул ва омехтакунии ашёи хом то истеҳсоли ниҳоӣ дар як хатти пайвастаи технологӣ ҷараёни мукаммалу самаранокро таъмин менамояд. Кормандони корхона мегӯянд, ки барои мо шароити мусоиди меҳнатӣ, аз ҷумла ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраҳои истироҳатӣ, фароҳам буда, музди меҳнатамон то 5 ҳазор сомонӣ аст ва сари вақт пардохт мегардад.


ЁВОН. КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ИДОМА ДОРАНД

Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат ёфта, бунёди иншооти соҳаҳои маориф ва роҳу нақлиёт идома дорад.

Аз ҷумла, бо мақсади беҳтар намудани зерсохтори роҳу нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳолӣ, бо саҳми соҳибкорону сокинон як километр роҳи дохили деҳаи Калфи Сабади деҳоти Ситораи Сурх асфалтпӯш гардид. Барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ беш аз 800 000 сомонӣ маблағ равона шуд.
Зимни шиносоӣ бо бунёдкориҳо раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз дошт, ки татбиқи чунин ташаббусҳо ба беҳтар шудани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ, осон гардидани рафтуомади сокинон ва рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал мусоидат менамояд. Ҳамзамон, ин иқдом намунаи равшани ҳамкории судманд байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Дар деҳаи мазкур сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ низ идома дорад. Бунёди иншооти соҳаи маориф дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорон амалӣ гардида, ба беҳтар шудани шароити таълиму тарбия, фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандаҳо мусоидат менамояд.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 21.04.2026 №: 73-74